Маҳмадсаид Убайдуллоев: Ҳамсарам, ҳамсари волотар аз ҳама дӯстони ҷониям…

Asia-Plus

“Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд”, – навиштааст раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар саҳифаи Фейсбукияш баъди як ҳафтаи даргузашти ҳамсараш.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамчунин дар изҳороти худ таъкид кардааст, ки “бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост. Дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист. Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад.”

Ва байте аз Гулрухсор Сафиеваро овардааст:

Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,

Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо муроҷиат ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ба ӯ ҳамдардӣ баён намуданд, изҳор доштааст,  ки “аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам. Ҳамеша саодатмандию шодкомии рӯзафзуни Шумо ва хонаводаатонро аз даргоҳи ХУДОВАНДИ МУТАОЛ таманно менамоем”.

Ёдрас мешавем, ки ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, Рӯзигул Каримова рӯзи 2 июл аз олам даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид. Ҳамсари Убайдуллоев дар мазҳари ом ҳеҷ гоҳ зоҳир намешуд ва сирф ба тарбияи фарзандонаш машғул шуда, ба масоили давлатӣ дахолат намекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...