Мушкили ҷиддӣ зимни қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба макотиби олии Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон 8 июл ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо мушкили ҷиддӣ пеш омад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар аксҳое, ки шоҳидон аз Тошканд, Ҷизах, Андиҷон ва Фарғона фиристоданд, дида мешавад, сокинон барои супоридани ҳуҷҷатҳо зери офтоби сӯзон навбат истодаанд. Яке аз видеоҳо навбатпоии тӯлонии волидони довталабонро дар назди комиссияи қабули […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон 8 июл ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо мушкили ҷиддӣ пеш омад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар аксҳое, ки шоҳидон аз Тошканд, Ҷизах, Андиҷон ва Фарғона фиристоданд, дида мешавад, сокинон барои супоридани ҳуҷҷатҳо зери офтоби сӯзон навбат истодаанд.

Яке аз видеоҳо навбатпоии тӯлонии волидони довталабонро дар назди комиссияи қабули Донишкадаи омӯзгории Ҷизах нишон медиҳад.

"Чаҳор довталаб дар натиҷаи навбатпоии тӯлонӣ аз ҳуш рафтанд. Инҷо бетартибиҳо дида мешавад ва касе касеро эҳтиром намекунад. Омӯзгоре бо насаби Ахчаев довталабонро пеш мекунад", – гуфтааст як довталаб.

Яке аз омӯзгорони донишкада гуфтааст, мушкили мазкур ба далели аз кор мондани барномаи компютерии Маркази тестии Ӯзбекистон пеш омадааст. Дар Андиҷону Фарғона низ чунин мушкил мушоҳида шудааст.

Вале масъулони марказ ин иддаоро комилан рад карданд. Яке аз кормандони Маркази тестии Ӯзбекистон гуфт, раванди қабули ҳуҷҷатҳо ба кундӣ пеш меравад, зеро бештари довталабон аз тағйироти нав дар қоидаҳои пешниҳоди аснод огаҳ нестанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.