Баҳри солимгардонии “Барқи тоҷик” муддати 6 сол 1,2 млрд доллар маблағ зарур аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон "Нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявии ШСХК "Барқи Тоҷик" барои давраи солҳои 2017-2022" таҳия гардидааст, ки барои амалисозии он 1,2 млрд. доллар маблағ зарур аст, гуфта мешавад дар ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода ба ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад.

Қайд мешавад, ки ин маблағ барои анҷоми пардохтҳои ҷорӣ, қарзҳои кредиторӣ назди барқистеҳсолкунандагони мустақил (Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2), пардохти қарзҳои тиҷоратии бонки маҳаллӣ (“Ориёнбонк”), инфрасохтори зарурӣ барои ҳисобкунӣ, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва ғайра истифода мешавад.

Сарчашмаҳои воситаҳои зхарурӣ барои амалсиозии ин тадбирҳо захираҳои иловагии молиявии ширкати "Барқи Тоҷик" номида мешаванд, ки дар натиҷаи афзоиши воридоти пулӣ ва кам кардани хароҷот дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ташаккул меёбанд.

Ҳамчунин ҷалби воситаҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва дигар шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои нақшаи мазкур соли равон ҷалби қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ ба миқдори 130 миллион доллар барои пардохт намудани қарзҳои кредиторӣ назди бонки тиҷоратии маҳаллӣ (”Ориёнбонк”) ва барқистеҳсолкунандагони мустақил (Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2) пешбинӣ шудааст.

Дар ҳисоботи вазир таъкид мешавад, ки барои амалисозии нақшаи мазкур дар мавриди ҷалби гранти Бонки ҷаҳонӣ низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Қарзҳои “Барқи тоҷик”

Ҳаҷми умумии қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳолати аввали соли ҷорӣ ба 22,9 млрд. сомонӣ (беш аз 2,4 млрд. доллар) расид.

Қарзҳои ширкати энергохолдингӣ бидуни назардошти созишномаҳои сармоягузорӣ 4,4 млрд. сомониро ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳҳои Сангтӯда беш аз 1 млрд. сомонӣ ва аз пардохти андоз – 66 млн. сомонӣ қарздор аст. Ҳамчунин ширкат аз ҶСК “Ориёнбонк” қарзҳои зиёд дошта, маблағҳои қарзӣ ҳамчунин аз ҳисоби харидории ангишт ва дигар навъи сӯзишворӣ (мазут ва ғайра) низ ба вуҷуд омадаанд.

Ҳаҷми қарз назди Вазорати молия аз рӯи созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ ба аввали соли равон 18,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...