Имкони бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе

Asia-Plus

Дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон рӯзи 10 июл иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки дар он масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо даъвати раёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Дабири кулли СҲШ В.Норов оид ба ҳамкориҳои кишварҳои узви ин Созмон дар соҳаи амният ва мубориза бо “се нерӯи шар” – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳануз аз оғози фаъолияташ СҲШ муваззаф шуда буд, ки дар таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад.

“Дар ростои андешидани чораҳои лозим дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводди мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводди мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардад”, – изҳор намуд ӯ.

Гуфта мешавад, намояндаи махсуси ИА П.Буриан аз тамоюли рушди ҳамкориҳо миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳайатҳоро ба муқаррароти Стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ, ки 17 июни 2019 қабул гардида буд ва ҳамзамон натиҷаҳои 15-умин нишасти солонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 7 июли соли равон дар Бишкек баргузор гардид, ҷалб кард.

Дабири кулли САҲА Т. Гремингер зикр кард, ки фазои мусоиди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки чанд соли ахир ба мушоҳида мерасад, шароитро барои таъмини рушди муштараки кишварҳо, аз ҷумла бо ҷалби имкониятҳои созмонҳои минтақавӣ фароҳам сохтааст. Ӯ ба раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани мавзӯи ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба барномаи FSC изҳори сипос кард.

Зимнан зикр мегардад, ки иҷлоси мазкур ба созмонҳои минтақавӣ шароит фароҳам овард, то бар пояи муқаррароти боби VIII Оинномаи СММ, роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкории фарогир дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...