Муаррифии лоиҳаҳои нави меҳмонхонаҳои пойтахт ба Президент

Дар Қасри миллат рӯзи 11 июл бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор […]

Дар Қасри миллат рӯзи 11 июл бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

“Як гуруҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд”, – оадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

Зикр мегардад, ки меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зарурӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷҷаҳаз мебошанд.

Тибқи маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.