Созишномаи сеҷониба байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, БАОР ва ширкати KazakhExport

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки авруосиёии рушд (БАОР), ҶС “Ширкати содиротии суғуртаи «KazakhExport» ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ният доранд, ки баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар бахши зербинои нақлиётӣ ба ҳамкориҳо ривоҷи бештар бахшанд.

Бо мақсади рушди шарикии стратегӣ ҷонибҳо дар бораи ҳусни тафоҳум созишнома ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти БАОР.

“Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкории дарозмуҳлати судманд барои тарафайн манфиатдоранд, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи иншооти зербинои нақлиёти Қазоқистону Тоҷикистон бо истифода аз маҳсулоти ширкатҳои содиротии Қазоқистон нигаронида шудааст”, – омадааст дар хабар.

Қайд мешавад, ки дар созишнома ҳамкорӣ дар бахши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои ҷудогонаи сармоягузорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва дониш тариқи иштироки намояндагони ҷонибҳо дар семинару конфронсҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

“Имзои созишномаи сеҷониба марҳилаи нав барои ҳамкории минбаъдаи муваффақона аст. Умедворем, ки талошҳои мо ба рушди иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамоянд”, – қайд кардааст муовини раиси Раёсати БАОР Амонгелдӣ Исенов.

Бар асоси созишҳои ҳосилшуда, БАОР дар гуфтушунидҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат иштирок ва баҳри татбиқи онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, Бонк имкони маблағгузориро ба лоиҳаҳо дар доираи расмиёти амалкунанда байни БАОР ва Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон низ баррасӣ намуда, дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки иштироки корхонаи Тоҷикистон дар онҳо имконпазир аст, маълумот пешниҳод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...