Созишномаи сеҷониба байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, БАОР ва ширкати KazakhExport

Бонки авруосиёии рушд (БАОР), ҶС “Ширкати содиротии суғуртаи «KazakhExport» ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ният доранд, ки баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар бахши зербинои нақлиётӣ ба ҳамкориҳо ривоҷи бештар бахшанд. Бо мақсади рушди шарикии стратегӣ ҷонибҳо дар бораи ҳусни тафоҳум созишнома ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти БАОР. “Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкории дарозмуҳлати судманд барои […]

Бонки авруосиёии рушд (БАОР), ҶС “Ширкати содиротии суғуртаи «KazakhExport» ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ният доранд, ки баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар бахши зербинои нақлиётӣ ба ҳамкориҳо ривоҷи бештар бахшанд.

Бо мақсади рушди шарикии стратегӣ ҷонибҳо дар бораи ҳусни тафоҳум созишнома ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти БАОР.

“Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкории дарозмуҳлати судманд барои тарафайн манфиатдоранд, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи иншооти зербинои нақлиёти Қазоқистону Тоҷикистон бо истифода аз маҳсулоти ширкатҳои содиротии Қазоқистон нигаронида шудааст”, – омадааст дар хабар.

Қайд мешавад, ки дар созишнома ҳамкорӣ дар бахши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои ҷудогонаи сармоягузорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва дониш тариқи иштироки намояндагони ҷонибҳо дар семинару конфронсҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

“Имзои созишномаи сеҷониба марҳилаи нав барои ҳамкории минбаъдаи муваффақона аст. Умедворем, ки талошҳои мо ба рушди иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамоянд”, – қайд кардааст муовини раиси Раёсати БАОР Амонгелдӣ Исенов.

Бар асоси созишҳои ҳосилшуда, БАОР дар гуфтушунидҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат иштирок ва баҳри татбиқи онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, Бонк имкони маблағгузориро ба лоиҳаҳо дар доираи расмиёти амалкунанда байни БАОР ва Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон низ баррасӣ намуда, дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки иштироки корхонаи Тоҷикистон дар онҳо имконпазир аст, маълумот пешниҳод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.