Вазорати энергетика: Бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” то ҳол анҷом наёфтааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни тақсими сохтори “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақил дар доираи нақшаи инфиродии азнавташкилдиҳии энергохолдинг идома дорад.

“Бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” алҳол пурра анҷом наёфтааст”, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода.

Муовини вазир қайд кард, ки айни замон марҳилаи сеюми ниҳоии азнавташкилдиҳии сохтори ширкат ҷараён дошта, яке аз самтҳои асосӣ дар ин марҳила роҳандозии фаъолияти дурусти ду корхонаи нави таъсисёфта дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” мебошад.

“Айни замон ин корхонаҳо алҳол зери назорати ширкати “Барқи тоҷик” қарор доранд”, – иброз дошт Шомизода.

Ҳадафи асосии бозсозии ширкати “Барқи точик”-ро ӯ “роҳандозии шаффофият дар низом” унвон кард.

“Яъне ҳудудҳо муайян шуда, бо роҳандозии шаффофият кори низом бояд рӯ ба беҳбудӣ орад”, – қайд кард муовини вазир.

Номбурда илова намуд, ки дар мавриди хусусигардонии корхонаҳои таъсисёфта алҳол ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд. Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд. Дар доираи бозсозии сохтор “Барқи тоҷик” ба се ширкати ҷудогонаи мустақил – Шабакаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ тақсим мешавад.

Охири моҳи июни соли равон ба қарори ҳукумат ду ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” – Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд.

Дар қарори зикршуда ба Вазорати энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур дода шудааст, ки оид ба ҳалли масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ин ду ширкати нави таъсисёфта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.