Барои таъмиру навсозии роҳ аз Қалъаи Хумб то Рӯшон Чин 230 млн. доллар маблағ медиҳад

Date:

Айни замон оид ба ҷудо шудани грант аз ҷониби Чин барои таъмиру навсозии қитъаи роҳ аз ноҳияи Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон, гуфтушунид ҷараён дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода.

Муовини аввали вазир қайд кард, ки мутахассисони Чин ҷиҳати таҳияи санади асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин қитъаи роҳ ба наздикӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Бино ба гуфтаи Мирзозода, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи масофааш 92 километр 230 млн. доллар маблағ зарур аст.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин қитъаи роҳ сохмтони ду нақб ба нақша гирифта шудааст.

“Бо итминон гуфта метавонам, ки баъди се-чор сол корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ ба итмом расида, он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳад буд”, – иброз дошт муовини аввали вазири нақлиёт.

Ғайр аз ин, қайд кард Мирзозода, оид ба таъмиру навсозии қитъаҳои роҳҳои Ширговад – Дарвоз ва Кӯлоб – Шӯроободи роҳи мошингарди Душанбе -Хоруғ – Қулма аллакай корҳо оғоз шудааст.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, оид ба интихоби ширкати паймонкор барои сохтмони 18 пули нав дар қаламрави ноҳияҳои гуногуни ВМКБ низ корҳо ҷараён доранд.

Илова бар ин, таъкид дошт ӯ, дар қаламрави ВМКБ аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ корҳои таъмир роҳандозӣ шуда, барои дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани вазъи роҳҳо техникаи роҳсозӣ харида мешавад.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи роҳҳо аз маркази ҷумҳурӣ ба минтақаҳо таъмиру навсозӣ шуда, аммо роҳҳои ВМКБ аз маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз минбаъд ба дохили ВМКБ дар ҳолати нимахароб боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, лоиҳаҳо оид ба таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ (80 км, 238 млн. доллар) ва Ванҷ – Хоруғ (163 км, 200 млн. доллар) муддати тӯлонист, ки байни лоиҳаҳои ояндадори Вазорати нақлиёт боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...