Туркманистон ба транзити борҳои Тоҷикистон тариқи қаламраваш то ҳол иҷоза намедиҳад

Туркманистон аллакай муддати ним сол аст, ки ба автомашинаҳо бо борҳои барои Тоҷикистон таъиншуда ваа ё аз Тоҷикистон содиротмешуда гузаштан аз қаламравашро иҷоза намедиҳад. Тоҷикистон ин мушкилро тариқи истифодаи самтҳои роҳҳои алтернативии масофаашон бештар дарозтар нисбат ба гузаштан тариқи қаламрави Туркманистон ҳал кардааст. “Мо ин мушкилро бо истифода аз ду хатсайри алтернативӣ, ки имрӯз тариқи […]

Туркманистон аллакай муддати ним сол аст, ки ба автомашинаҳо бо борҳои барои Тоҷикистон таъиншуда ваа ё аз Тоҷикистон содиротмешуда гузаштан аз қаламравашро иҷоза намедиҳад. Тоҷикистон ин мушкилро тариқи истифодаи самтҳои роҳҳои алтернативии масофаашон бештар дарозтар нисбат ба гузаштан тариқи қаламрави Туркманистон ҳал кардааст.

“Мо ин мушкилро бо истифода аз ду хатсайри алтернативӣ, ки имрӯз тариқи онҳо бемамониат ба боркашонӣ машғулем, ҳаллу фасл кардем”, – иброз дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 17 июл дар Душанбе муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода.

Муовини аввали вазир қайд кард, ки дар фурсати кӯтоҳ доир ба истифодаи зербинои роҳҳои Озарбойҷону Гурҷистон аз ҷониби боркашонони Тоҷикистон бо ҳукумати ин кишварҳо созиш ҳосил карда шудааст.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон барои ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ё аз Тоҷикистон ду хатсайри дигар истифода мешавад, ҳарчанд масофаи онҳо нисбат ба қаламрави Туркманистон дарозтар аст: аввалаш – тариқи Ӯзбекистон то бандари Актауи Қазоқистон (дар соҳили баҳри Каспий) ва Боку ва минбаъд тариқи қаламрави Озарбойҷон; дуюмаш – тариқи қаламрави Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия то Гурҷистон ва кишварҳои Шарқи Наздик.

Бо роҳи оҳан низ…

Туркманистон ҳамчунин то ҳанӯз ба гузаштани қатораҳо бо борҳои Тоҷикистон низ тариқи қаламраваш иҷоза намедиҳад.

Ба гуфтаи муовини сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Усмон Қаландаров, мушкилоти Тоҷикистон бо Туркманистон дар истифодаи роҳи оҳан низ ба воситаи интихоби роҳҳои дигар (алтернативӣ) роҳи ҳалли худро ёфтааст.

“Дар ин хусус мо бо идораи роҳҳои оҳани Ӯзбекистону Қазоқистон гуфтушунид кардем. Боркашонҳо тоҷик имрӯз метавонанд аз бандари Актау тариқи роҳи оҳани Қарақалпоқистон истифода кунанд. Ҳарчанд ин хатсайр нисбат ба хатсайр тариқи роҳи Турманистон дарозтар бошад ҳам, ҳамтоҳои ӯзбеку қазоқ 50% тахфиф пешниҳод намуданд, то ки хароҷоти боркашонҳои мо то ба ҳадди камтарини ниҳоӣ расонида шавад”, – қайд кард Қаландаров.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.