Барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар пойтахт шаҳрвандон 4 млн. сомонӣ ҷарима шуданд

Date:

Дар шаш моҳи соли равон Раёсати шаҳри Душанбе барои вайрон намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ шаҳрвандонро ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷарима кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 ҳазору 160 сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод, сардори РВКД-и шаҳри душанбе Назарзода Шариф Раҳмон дар нишасти ВКД.

Бино ба гуфтаи ӯ,  дар муқоиса бо соли гузашта 3 ҳазору 562 санади маъмурӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ 338 навор дар бораи вайрон намудани қоида ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (шикояти сокинон, қонуншиканӣ, наворҳои таҳқири зан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд) пахш гардидааст.

“Ҳар шикоят ва муроҷиате, ки тариқи Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ва сомонаҳои интернетӣ ворид мешавад, дар пайи он дар муддати кӯтоҳ гумонбар боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад”, – илова кард Назарзода Шариф. 

Ёдрас мешавем, ки барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар ҳоле ҷазо пешбинӣ гардид, ки духтарони ҷавон мактуби шикоятӣ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳимояти онҳо аз бадрафтории мардон дар хиёбонҳои пойтахт ирсол намуданд. Дар пайи шикояти духтарон шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис доданд, ки ҳамзамон рафтори мардонро 2700 дастгоҳи сабт назорат хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...