Кумаки СБМ ба 17 ҷабрдида аз савдои одамон дар Тоҷикистон

Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) имсол ба 17 нафар ҷабрдидагон аз савдои одамон дар Тоҷикистон кумак карда, аз 18 ҳолати хариду фурӯши имконпазир пешгирӣ намуд. Тавре дар сомонаи расмии Созмон хабар дода мешавад, нисбат ба соли гузашта, ки ба 20 тоҷикистониён (19 нафари онҳо занон) барои бозгашт ба хонаҳояшон кумак расонида шуда буд, имсол ин нишондиҳанда […]

Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) имсол ба 17 нафар ҷабрдидагон аз савдои одамон дар Тоҷикистон кумак карда, аз 18 ҳолати хариду фурӯши имконпазир пешгирӣ намуд.

Тавре дар сомонаи расмии Созмон хабар дода мешавад, нисбат ба соли гузашта, ки ба 20 тоҷикистониён (19 нафари онҳо занон) барои бозгашт ба хонаҳояшон кумак расонида шуда буд, имсол ин нишондиҳанда афзуд.

Аксарияти ин ҷабрдидаҳо аз ғуломии шаҳвонӣ ва меҳнатӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ наҷот дода шуданд.

Рӯзҳои 29-30 июл СБМ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе музокироти дурӯза барпо мекунад. Ҳадафи аслии баргузори чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи савдо одамон ва зарурати ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аз он мебошад.

Дар муколамаҳо 36 нафар хонадагони мактабҳои миёна ва донишҷуёни макотиби олӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар сатҳи минтақавӣ дар музокирот оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва муҳоҷирон ғолиб омаданд, иштирок мекунанд.

Дар ҳамдастӣ бо Маркази мубориза бо савдои одамони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи байниидоравии муқовимат бо савдои одамон СБМ санаи 30 июл ҳамчунин дар мавзӯи хариду фурӯши ғуломон низ конфронс доир мекунад.

“Аксари ҷабрдидагонро, ки СБМ аз онҳо дастгирӣ мекунад, ҳукумат ба назди мо мефиристад. Мо ифтихор дорем, ки бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳамкории хуб дорем. Иттиҳоди мо бо 20 ташкилоти ғайриҳукуматӣ тӯли солҳои кори муштарак баҳри таъмини кумаки тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон аз савдои одамон мустаҳкамтар шуд”, – мегӯяд Кристина Георг-Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.