Кумаки СБМ ба 17 ҷабрдида аз савдои одамон дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) имсол ба 17 нафар ҷабрдидагон аз савдои одамон дар Тоҷикистон кумак карда, аз 18 ҳолати хариду фурӯши имконпазир пешгирӣ намуд.

Тавре дар сомонаи расмии Созмон хабар дода мешавад, нисбат ба соли гузашта, ки ба 20 тоҷикистониён (19 нафари онҳо занон) барои бозгашт ба хонаҳояшон кумак расонида шуда буд, имсол ин нишондиҳанда афзуд.

Аксарияти ин ҷабрдидаҳо аз ғуломии шаҳвонӣ ва меҳнатӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ наҷот дода шуданд.

Рӯзҳои 29-30 июл СБМ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе музокироти дурӯза барпо мекунад. Ҳадафи аслии баргузори чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи савдо одамон ва зарурати ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аз он мебошад.

Дар муколамаҳо 36 нафар хонадагони мактабҳои миёна ва донишҷуёни макотиби олӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар сатҳи минтақавӣ дар музокирот оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва муҳоҷирон ғолиб омаданд, иштирок мекунанд.

Дар ҳамдастӣ бо Маркази мубориза бо савдои одамони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи байниидоравии муқовимат бо савдои одамон СБМ санаи 30 июл ҳамчунин дар мавзӯи хариду фурӯши ғуломон низ конфронс доир мекунад.

“Аксари ҷабрдидагонро, ки СБМ аз онҳо дастгирӣ мекунад, ҳукумат ба назди мо мефиристад. Мо ифтихор дорем, ки бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳамкории хуб дорем. Иттиҳоди мо бо 20 ташкилоти ғайриҳукуматӣ тӯли солҳои кори муштарак баҳри таъмини кумаки тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон аз савдои одамон мустаҳкамтар шуд”, – мегӯяд Кристина Георг-Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...