Таъини роҳбари нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва поккории сафҳои он

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод сардори нави Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ таъин шуд.

Қаблан ӯ ба ҳайси муовини якуми раиси Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамучунин дар бораи аз вазифаҳояшон озод шудани муовинони сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Назар Одиназода ва Абдусамад Саидмуродзода қарорҳо ба имзо расонид.

Бо қарорҳои ҳукумат Дилшод Музаффарзода муовини якум ва Зайдулло Мӯсозода муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин шуданд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 22 июл Икромиддин Сироҷиддин Вализода аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод шуд.

Икромиддин Вализода ҳамагӣ се моҳ пеш – 23 апрели соли 2019 роҳбари Хадамоти зиддинҳисорӣ таъин шуда буд, дарҳол вақте ки ин хадамот ташаббускори боло бурдани тарифҳои интернет гардида буд, ки миёни аҳолии кишвар сарусадоҳои зиёд ба бор оварда буд.

То ин таъинот Вализода вазифаи муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт”-ро ишғол мекард. Дар ин вазифа ӯ Саъдӣ Қодирзодаро иваз намуд, ки муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрел зери танқиди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Хадамот бо қарори худ аз 4 марти соли 2019 ширкатҳои алоқаи мобилиро уҳдадор намуд, ки нархи 1 Мб интернетро на камтар аз 5 дирам бе назардошти аксизу андоз муқаррар намоянд.

Корбарон бештар аз он дар таҷҷуб буданд, ки маҳз сохторе, ки бояд ҳуқуқҳои истеъмолгаронро ҳимоя карда, ҷорӣ шудану болоравии ҳар гуна пардохтҳоро пешгирӣ кунад, ташаббускори ин иқдом аст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон, Икромиддин Сироҷиддин Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...