Аввалин Бонки молиявии хурд ба ҷоизаи бонуфуз соҳиб шуд

Аввалин Бонки молиявии хурд бо ҷоизаи соли Технологияи байналмилалӣ ва бонки амалиётиро дар заминаи ҷоизаҳои 2019 Фурӯши яклухти Бонки осиёвӣ ва молия  дар Тоҷикистон сарфароз гашт. Ҳамчун яке аз бонкҳои боэътимод дар Тоҷикистон, бонк барои мизоҷон маҳсулоти муносиб пешниҳод менамояд, ки ба бахши бонкдорӣ ва молия дар кишвар таъсири мусбат расонида истодааст. Бонк ҷоизаи 2019 […]

Аввалин Бонки молиявии хурд бо ҷоизаи соли Технологияи байналмилалӣ ва бонки амалиётиро дар заминаи ҷоизаҳои 2019 Фурӯши яклухти Бонки осиёвӣ ва молия  дар Тоҷикистон сарфароз гашт.

Ҳамчун яке аз бонкҳои боэътимод дар Тоҷикистон, бонк барои мизоҷон маҳсулоти муносиб пешниҳод менамояд, ки ба бахши бонкдорӣ ва молия дар кишвар таъсири мусбат расонида истодааст.

Бонк ҷоизаи 2019 Бонки осиёвӣ ва молияро барои як қатор ташаббусҳо аз ҷумла маҳсулоти ягонаи корти вобаста ба интиқоли пул бо номи “Корти Осон”, ки интиқоли мустақими пулро аз хориҷи кишвар ба суратҳисоби кортии мизоҷон ҳавасманд мекунад ба даст овард. Сипас мизоҷон метавонанд қисман пули интиқолёфтаро ба миқдори лозим аз худпардоз(банкомат) ё бонк, ки мизоҷонро барои пасандозкунӣ ташвиқ мекунад дарёфт кунанд.

Соҳибони кортҳо инчунин метавонанд Корти Осонро барои пардохт ҳангоми хариди ашё ва хизматрасониҳо тариқи дастгоҳи POS бидуни пардохти коммиссияи иловагӣ истифода баранд. Хизматрасонии онлайнии сомонаи бонк PAY.FMFB (https://pay.fmfb.tj/),  аз тарафи АБМХ  сохта шуд, ки метавон аз корти Корти Осон барои як қатор хизматрасониҳо ба мисли пур кардани суратҳисоби телефон, бозпардохти қарз, пардохт барои хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайраро истифода кард.

Аввалин бонки молиявии хурд бо ширкати Тселл барои сохтан ва роҳандозии барномаи ҳамёни мобилии ТЕЗСУМ (https://www.tcell.tj/en/services/mobile-payments/mobile-wallet-tezsum.php) ҳамкорӣ намуд, ки метавон аз Корти Осон барои пардохтҳои ғайринақдӣ истифода намуд. Бонк якҷоя бо Юнистрим хизматрасонӣ барои интиқоли мустақими пул ба Корти Миллӣ аз ҷумла Корти Осон роҳандозӣ карданд. Интиқоли мустақими пул ба кортҳо роҳи муносиб  ва арзон барои фиристодани пул ба Тоҷикистон мебошад.

Барои дарёфт кардани маблағҳо, мизоҷон дигар дар қатор мунтазир нашуда ва саволномаро пур намекунанд; пул фавран ба суратҳисоби корт тавассути Юнистрим ворид мегардад. Бонк  эҷоди роҳҳои иноватсиониро барои мизоҷони худ ва беҳтар кардани имкониятҳои молиявиро дар Тоҷикистон ба пеш мебарад. 

Аз соли 2012 инҷониб ҷоизаҳои бонкии Фурӯши яклухти Бонки осиёвӣ ва молия таҷрибаҳои истисноӣ ва стратегияҳои иноватсиониро дар бахши бонкии яклухтфуруши Осиё қадр мекунад. Имсол шабнишинии бахшида барои ҷоиза бештар аз 270 раисони бонкҳоро аз тақрибан 40 кишвари осиёӣ, ки эътироф шуданашонро барои тарафҳои таъсиргузори тағйир дар ин соҳа буданашонро ҷашн мегиранд, бо ҳам овард.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.