Қасди рабудани ноболиғ дар назди бозори “Корвон”

Манзумаи Фирӯз, «Азия-Плюс»

Дар Тоҷикистон мушкилоти бедарак шудани кӯдакон яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир гумшавии кӯдакон ба як падидаи маъмул дар Тоҷикистон табдил ёфтааст, ки боиси нигаронии ҷиддии волидайн шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин масъала баррасӣ гардида, хабари беному нишон шудани кӯдакону наврасон паҳн мегардад.

Оксана Ксеня, яке аз корбарони Фейсбук дар саҳифаи худ менависад, ки  дар наздикии дарвозаи 10-уми бозори “Корвон”  ва биноҳои истиқоматӣ марди ношиносе бо автомашинаи сафед мехост, ки ҷияни ӯро зуран дохили мошин намояд. Ӯ менависад, ки "марди ношинос бо автомашинаи тамғайи “Мерседес” писари 10-соларо мехост зӯран дохили мошинаш кунад, аммо дар ин ҳолат кӯдак фарёд мезанад. Мард талош мекунад, ки даҳони кӯдакро бо панҷаҳояш махкам кунад, аммо писарча бо тамоми ҳастӣ дод мегӯяд. Дар ин ҳолат ҳамсояҳо овозро шунида, тирезаҳои худро боз мекунанд, ки мард аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.

Инчунин менависад, ки онҳо ба милитсия дар бораи ҳодисаи рухдода иттилоъ медиҳанд. Ва баъди аз назар гузаронидани мағозаи назди бино, ки дорои дурбин, аст, маълум мешавад, ки рақамҳои мошин қалбакӣ будааст ва чунин рақам вуҷуд надорад.

https://www.facebook.com/profile.php?id=100007197392472

Ҳодисаи даъвати ноболиғон нишастан ба автомашина ё аз назди хонаи истиқоматӣ бенишон шудан кам набуда, Икром Ҳамидови 9-сола низ яке аз он наврасоне мебошад, ки 27 августи соли 2018 аз назди бинои истиқоматиаш,  дар кӯчаи Борбад 64/2, ноҳияи Фирдавсӣ бенишон гаштааст ва то ҳол аз ӯ дараке нест. 

Зулфия Ҳамидова, модари Икром дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, барои пайдо кардани фарзандаш тамоми чораҳо андешид, аммо натиҷа ҳосил нашуд. Ба гуфтаи Зулфия:

«Ду маротиба барои дархости кӯмак ба қабули раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон рафтам, аммо мутаассифона, маро муовинонаш қабул намуда, гуфтанд, ки оид ба масъалаи бедарак шудани фарзандам таҳқиқот идома дорад. Аммо то имрӯз ягон натиҷа нест. Тақрибан ҳар рӯз ба РВКД ноҳияи Фирдавсӣ тамос мегирам ва аз ҳодиса пурсон мешавам. Ман ба куҷо ва чӣ кор карданамро дигар намедонам. Ҳоло ният дорам, ки ба қабули вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода равам ва дардамро бигӯям».

Зан илова мекунад, ки гарчанде модараш ду маротиба ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафта бошад ҳам, аммо Зулфия мехоҳад шахсан бо Рамазон Раҳимзода суҳбат дошта бошад. «Модарам ду маротиба ба қабули вазири ВКД рафта буданд ва бо супориши вазир ба кормандони Раёсати тафтишоти ҷиноӣ барои пайдо кардани Икром супориш дода шуд ва ҳамарӯза акси ӯ дар барномаҳои телевезионӣ ба намоиш гузошта мешавад”.  

Модари Икром дар бедарак шудани фарзандаш ҳамсояи худ Зокир Ҷабиловро гумонбар медонад.

– Ман фарзандонамро танҳо ба воя мерасонам ва ин мард як сол аз ман хоҳиш мекард, ки бо ӯ издивоҷ кунам. Вале ман хоҳишашро рад кардам. Ман бовар дорам, ки Икромро ин мард дуздидааст, то маро тарсонад – гуфт Зулфия.   

Ёдрас мешавем, ки Зулфия дар бедарак шудани фарзандаш ҳамсояи худро гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ба милитсия аризаи шикоятӣ пешниҳод мекунад.  

Баъди пурсиши кормандони милитсия ва гирифтани ҳуҷҷатҳои лозимаи Ҷабилов, ӯро озод мекунанд. Аммо баъди тафтишоти камераҳои назоратӣ ва рафтани Икром бо Ҷабилов, гумонбар якбора ғайб мезанад ва то имрӯз на аз Зокир Ҷабилов ва на аз Икром дараке нест.   

Баъди талошҳои зиёд Зулфия Ҳамидова, имрӯз омода аст, ки бо Зокир издивоҷ намояд. Ӯ мегӯяд ба хотири пайдо гардидани фарзандаш ба ҳамаи талаботи Зокир Ҷабилов омода аст.

Гарчанде аз Икром Ҳамидов то имрӯз дараке нест, аммо дар Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки давоми шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 202 ноболиғон бедарак шудаанд. Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки ҳамаи ноболиғон дарёфт ва ба хонаводаашон баргардонида шудаанд, аммо дар мавриди бенишон шудани Икром Ҳамидов ҳарфе гуфта нашуд.

Икром ягона кӯдаке, нест, ки бенишон шуда бошад. Шаш сол пеш низ хоҳарон Араловҳо (23 марти соли 2013) дар маркази шаҳр бедарак шуда буданд. Маликаи 6-сола ва Сабринаи 4-сола аз назди бинои истиқоматиашон назди маркази савдои “Садбарг” ғайб зада буданд, ки то ҳол бенишон буда, аз онҳо дараке нест. 

Манзумаи Фируз, «Азия-Плюс»

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...