Вазорати меҳнат: Маоши бинокорон дар Қатар $350 ва барои тоҷикон ин кам аст

Нимаи аввали соли равон беш аз 300 ҳазор нафар баҳри даёфти кор ҷумҳуриро тарк намудаанд, ки беш аз 40 ҳазор нафарро занон ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 49 ҳазор ё худ 19 фоиз зиёдтар мебошад. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тоҷикистониён асосан Русия […]

Нимаи аввали соли равон беш аз 300 ҳазор нафар баҳри даёфти кор ҷумҳуриро тарк намудаанд, ки беш аз 40 ҳазор нафарро занон ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 49 ҳазор ё худ 19 фоиз зиёдтар мебошад.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тоҷикистониён асосан Русия (зиёда аз 293 ҳазор нафар) ва Қазоқистон (5,5 ҳазор нафар)-ро кишвари муҳоҷирату кор интихоб кардаанд.

Дар баробари ин, дар ин давра каме бештар аз 188 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз камтар аст.

Дар робита ба масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Қатар ва шароитҳои кору зиндагӣ дар он Сангинзода изҳор намуд, ки “он ҷо хеле гарму намнок аст”.

“Айни замон дар Қатар сохтмони иншоот барои баргузор намудани мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ҷараён дорад, – гуфт ӯ. – Шароити иқлими он ҷо монанди мо нест, аз ин рӯ, муҳоҷирони моро даъват намекунанд. Аз ҷониби дигар, маоши миёна дар он ҷо барои муҳоҷирони сохтмончӣ ба ҳисоби миёна на бештар 350 долларро ташкил медиҳад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон қобили қабул нест”.

Зимнан зикр шуд, ки ҷониби Қатар ба ҷалби тоҷикистониён ба кор дар бахшҳои хизматрасонӣ, нақлиёт, посбонӣ ва соҳаи IT-технология бештар ҳавасманд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.