Басташавии роҳҳо ба Исфара зимни вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Барои таъмини амният зимни вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 26 июл дар Исфара, ба ин ҷо аз Душанбе нерӯҳои иловагии сохторҳои қудратии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳо роҳҳо ба самти Исфара аз дигар шаҳру […]

Барои таъмини амният зимни вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 26 июл дар Исфара, ба ин ҷо аз Душанбе нерӯҳои иловагии сохторҳои қудратии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳо роҳҳо ба самти Исфара аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баста шуда, дар онҳо посгоҳҳои иловагӣ гузошта мешаванд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар давраи ҳузури Сооронбой Жээнбеков дар Исфара сохторҳои қудратии Қирғизистон сарҳадро дар ин самт ҷиддиву бо нерӯҳои иловагӣ посбониву назорат мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки мавзӯи асосӣ дар вохӯрии сарони давлатҳо аввал дар Исфара ва сипас дар Ворух таъмини сулҳу субот дар сарҳад ва суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон роҳи мошингарди Ворух – Исфара боз буда, ҳукуматдорони Тоҷикистон дирӯз захмиёни ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух бароварданд.

Ҳамчунин қитъаи роҳи Исфана – Ош низ баъди гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду кишвар таҳти роҳбарии муовинони сарвазирон кушода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.