«Азия-Плюс» ва 24.kg ҳамроҳ рӯйдодҳоро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон инъикос мекунанд

tojiki

Дар партави рӯйдодҳои ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” (Тоҷикистон) ва Агентии иттилоотии 24.kg (Қирғизистон) дар бораи ҳамкорӣ Ёддошт ба имзо расониданд.

“Дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам миёни аҳолии маҳаллӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Инъикоси ин рӯйдодҳо барои аҳолии ҳарду кишвар аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Замони муноқишаҳо расонаҳо бар асоси сарчашмаҳои расмӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон маводе ба нашр мерасонанд, ки на ҳамеша ба инъикоси рӯйдод бо инобати нуқтаи назари ҳамаи ҷонибҳои низоъ имкон медиҳад”, – қайд мешавад дар ёддошт.

Бо назардошти ин омилҳо, ду расонаи пешсафи Тоҷикистону Қирғизистон дар ин хусус созиш ҳосил намуданд:

1. Роҳандозии гуфтугӯ (чат)-и ягонаи доимӣ байни идораи расонаҳо барои инъикоси рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон;

2. Табодули маълумот дар бораи вазъ дар сарҳад дар реҷаи вақти воқеӣ;

3. Нашри маълумот бобати вазъ дар сарҳад бо истифода аз шарҳу тавзеҳҳо, маълумоти шоҳидони ҳодиса ва дигар мавод, ки ба корбарон имкон диҳанд дар бораи ҳодисаҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тасаввуроти мукаммал ҳосил намоянд.

Идораи расонаҳо бовар доранд, ки фаъолияти муштарак ба инъикоси саривақтӣ ва муфассали рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикиситону Қирғизистон шароити мусоид фароҳам месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...