Эмомалӣ Раҳмон сарвазири нави Битанияи Кабирро табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон ба муносибати интихоб гардиданаш ба вазифаи Роҳбари Ҳизби консерваторон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки Тоҷикистон густаришу таъмиқи равобити ҳамкориро бо Британияи Кабир дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати худ медонад.

“Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо ба ҳайси Сарвазир бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳои мо ҷанбаҳои нави судмандро фаро хоҳад гирифт, – омадааст дар барқия. – Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳо бо Британияи Кабир дар сатҳҳои мухталиф саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад”.

Борис Ҷонсон ҷонибдори аз 31 октябр аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо хориҷ шудани Британияи Кабир аст, сарфи назар аз қабул ё қабул нашудани созишнома дар ин хусус.

Охири моҳи май сарвазири амалкунанда Тереза Мэй эълом дошт, ки ба истеъфо меравад. Барои мувофиқа карда натавонистани шартҳои хориҷ шудани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо ӯ маъзарат хост.

Аз ҳамон замон маросими интихоби пешвои нави Ҳизби консерваторон идома дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...