Роҳи Ворух-Исфара боз шуд. Захмиёни ҷароҳаташон вазнин аз Ворух бароварда шуданд

Ин роҳ рӯзи 22 июл якҷониба аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон пас аз муноқиша бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда буд. Баъди боз шудани роҳ ҳукуматдорони Тоҷикистон тахминан соатҳои дуи шаб нахуст шаҳрвандони ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух ба Исфара фиристоданд. Миёни онҳо Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд ва ду нафар шаҳрвандони қаторӣ, ки […]

Ин роҳ рӯзи 22 июл якҷониба аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон пас аз муноқиша бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда буд.

Баъди боз шудани роҳ ҳукуматдорони Тоҷикистон тахминан соатҳои дуи шаб нахуст шаҳрвандони ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух ба Исфара фиристоданд.

Миёни онҳо Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд ва ду нафар шаҳрвандони қаторӣ, ки ҳангоми муноқиша дар сарҳад захмҳои вазнин гирифтанд, ҳузур доранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Исфара.

А.Шомирсаидов ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дошта, як маротиба дар Ворух ҷарроҳӣ шуд, лекин барои ӯ ҷарроҳии мушкилтар зарур аст, ки анҷоми он танҳо дар Исфара ё Хуҷанд имконпазир мебошад.

Қаблан ба ҳукуматдорони Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳатбардошта, нозири ШВКД шаҳри Исфара оид ба корҳои ноболиғон Фаррух Тошхӯҷаевро аз Ворух ба Исфара интиқол диҳанд.

Шоми рӯзи гузашта ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳи мошингарди Исфана – Ошро боз намуд.

“Роҳ пас аз гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду кишвар таҳти роҳбарии муовинони сарвазирон кушода шуд. Ҳаракат тариқи роҳи Исфана – Ош соати 23:00 барқарор шуд. Аз субҳи имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиё тариқи роҳи Исфара – Ворух дар қитъаи Оқсой низ барқарор шуда, нахуст сардори РВКД дар вилояти Суғд ба Ворух раҳсипор шуд”, – хабар медиҳад turmush.kg.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.