Фестивали байнулмилалии фарҳангу сайёҳии «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ

Иттилоияи расмӣ

Аз 26 то 28 июли соли 2019 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон)  Фестивали 12-уми байналхалқии фарҳанг ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. 

Фестивали “Боми ҷаҳон” чорабинии фарҳангии ҷолиб буда, аз тарафи ИҶ “Амеша Спента” бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ҳамкории Дафтари Швейтсария оиди Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон барпо карда шудааст.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур инъикоси гуногунрангии фарҳангӣ (маҳаллӣ, минтақавӣ ва умуман, дунёӣ) ва таҳкими якдигарфаҳмӣ тавассути санъат баҳри ҳамзистии осоишта ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад.      

Фестивал ба нигаҳдорӣ ва пешбарии жанрҳои анъанавӣ ва таҷрибавии (эксперименталии) мусиқӣ ва рақсҳои халқҳои Помир, ҷомеаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, кишварҳои хориҷи дур ва наздик, мусоидат мекунад.  

Фестивали мазкур дар дарки плюрализм (гуногунандешӣ) ва таҳаммулпазироӣ байни халқҳои гуногун ва анъанаҳои фарҳангии минтақа саҳми худро мегузорад.  Рушди иқтидори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои фестивал мебошад.

Тибқи барномаи фестивал, дар он санъаткорони шинохтаи Ӯзбекистон, Кирғизистон ИМА, Афғонистон, Латвия, Ҳиндустон, ва намояндагони шащру вилоятҳои гунонуни Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард

Мо интизорем, дар рӯзҳои фестивал то 15 ҳазор нафар ҳаводорони мусиқӣ ва санъатро – меҳмонони чорабинро аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дунё бубинем .  

Дар чорчӯбаи фестивал, дар Маркази Исмоилии шаҳри Хоруғ дарсҳои устодон (мастер- класс) оиди усулҳои навохтани асбобҳои гуногуни мусиқии кишварҳои иштирокчиёни чорабинӣ доир мегарданд ва дар рафти онҳо мо интизорем, ки дар муҳокима ва шунидани оҳангҳои устодони санъати мусиқӣ донишҷӯён, навозандагон, мунаққидони мусиқӣ, рӯзноманигорони ҳавасманд, ҳаводорони санъати мусиқии шаҳри Хоруғ ва меҳмонони кишварҳои гуногуни дунё фаъолона иштирок хоҳанд кард.       

Дар баробари ин, дар Маркази Исмоилӣ намоиши тасвирҳои рассомони маҳаллӣ  баргузор мегардад.  Дар чорчӯбаи фестивал дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ филмҳои ҳуҷҷатӣ, маҳсулоти ҳунармандон намоиш дода мешаванд ва ҳамчунин, фестивал-бозори таомҳои анъанавӣ воқеъ мегардад.

Мо боварӣ дорем, ки фестивали мазкур моро ба натиҷаҳои интизорбудаи бисёртарафаи лоиҳа наздик меорад ва ба нигаҳдории сулҳ, дӯстӣ, дарки аҳамияти гуногунӣ, плюрализм ва таҳаммулпазироӣ байни халқҳои гуногуни минтақа мусоидат мекунад, ки ин ҳамчунин, ба пешбарӣ ва ташаккули сифати маҳсулоти эко-туризму беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҷалби саёҳон ба кишварамон кӯмак хоҳад расонд.  

Бояд қайд кард, ки 12-ум  Фестивали «Боми Ҷаҳон» бо кумаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба Ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (маблағгузор ва шарики асосии фестивал), ҳамчунин Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташаббуси Мусиқии Оғо Хон,  Хазинаи Оғо Хон, ширкати Tсell, Акселерейт Просперити ва  дастгирии иттилоотию техникии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази фарҳангии  «Бохтар» баргузор шуда истодааст.

Гурӯҳи мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ дилу мағзи тадорукот ва амалигардонии фестивали мазкур мебошанд, ки ба туфайли хоҳиши бепоёни баргузоркунии фестивал, ба мо дар ҷашн ва инъикоси айнияти фарҳангӣ ва гуногунии анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва дигар халқҳои ҷаҳон дар Боми Ҷаҳон то имруз кӯмак расонида истодаанд.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...