HamkoR- платформаи ҳирфаии Tcell барои истихдоми корҷӯён ва ҳамкорон!

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell нахустин бор дар Тоҷикистон “HR-форум”-ро баргузор намуд, ки дар он беш аз 30 роҳбари бахши захираҳои меҳнатии ширкатҳои мухталиф иштирок карданд.

Ҳадафи аслии ҳамойиш- табодули таҷриба дар ростои идоракунии захоири меҳнатӣ ва ҳайати кормандон, инчунин бунёди майдон (плафторма)-и ягона барои ҷалби коргарону корҷӯёну истихдоми ҳирфаиҳо унвон мешавад. Мавзӯҳои асосии форум   «Нақши HR дар ташкилот» ва «Мафҳуми номи тиҷорӣ (бренд)-и HR дар бозори кор» буданд.

Дар ҳоли ҳозир масоили кадрӣ дар бозори меҳнат аз ҷумлаи мавзӯи муҳим ба шумор рафта, талабот ба кормандони ҳирфаӣ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Бо ибтикори ширкати Tcell тасмими эҷоди як иттиҳодияи умумии сарварони бахшҳои HR бо мақсади тақвияти имконоти кадрӣ ва рушди он аз сар гирифта шуд.

Дар анҷумани мазкур мулоқоти директорони департаменту бахшҳои HR –и бузургтарин ширкатҳои Тоҷикистон сурат гирифт. Иштирокчиёнро Озодхон Давлатшоев, Сарвари кулли ширкати Tcell истиқбол карда, иброз дошт, ки идоракунии дурусти захоири кадрӣ, яъне ҳайати кормандон дар ҳар як корхона- санъати воқеъӣ буда, фаъолияти доимӣ ва рушду такомулу таҷрибаи вижаро тақозо менамояд.

Tcell бо он мақсад муттаҳид кардани ҳирфаиёни соҳибтахассуси HR-ро дар як платформа таҳти унвони HamkoR ба зимма гирифт, ки ин майдон дар ҳоли ҳозир дар бозори миллии бисёрсоҳа талаботи зиёд дорад. Зимнан, дар платформа табодули таҷриба, омӯзиши кормандон ва рушди ҳайати шахсӣ ба назар гирифта шуда, иштирокчиён ҳамеша аз навгониҳои бозори кори Тоҷикистон дар ҷараён хоҳанд буд.

Дар ҳамоиш масоили марбут ба тарзу усули интихоби корфармо, ба роҳ мондани низоми худкори ҷараёнҳои кории HR, рушду омӯзиши маҳорати кормандон, ташаккули номи тиҷорӣ (бренд)-и HR матраҳ гардиданд. Иштирокчиёни форум тавассути интернет бо ҳамкорони хориҷиашон аз ФР дар тамос шуда, аз навгониҳои HR дар ин кишвар огоҳ гаштанд.

Ҳамзамон, дар форум муаррифии платформаи  https://hamkor.tj, ки ҳам барои корҷӯён ва низ барои корфармоён низоми ҷустуҷӯро содда мегардонад, баргузор гардид. Корфармоён дар платформаи мазкур имкон доранд, ки саҳифаи худро боз намуда, тарғиби молу маҳсулоти ширкаташонро ба роҳ монанд, эълони ҷойҳои холии кориро гузоранд, номзадҳои мавриди назарро аз лиҳози тахассуси зарурӣ пайдо намоянд.   Корҷӯён бошанд барои пайдо кардани ҷойи кор ба сомонаҳои гуногун ворид намешаванд. Аз ин пас фақат зарур аст, ки ҳолномаи худро дар платформа гузошта, ба он обуна шаванд.

Аз Play Market ҳам имкони боргирии HamkoR вуҷуд дорад: https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.hamkor

Дар ширкати Tcell бар ин боваранд, ки баргузории як чунин HR-форумҳо ва муттаҳидсозии ҳирфаиёни идоракунии захоири кадрӣ дар платформаи воҳид бозори кори Тоҷикистонро ба зинаи наву босифати рушд ворид месозад.   

____________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...