Натиҷагирӣ аз давраи раёсати Тоҷикистондар Форуми ҳамкории амниятии САҲА

Рӯзи 24 июли соли равон дар Вена иҷлоси хотимавии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода ширкат кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронии худ Муовини вазир натиҷаҳои пешакии раёсати кишвар дар FSC, яке аз ду ниҳоди […]

Рӯзи 24 июли соли равон дар Вена иҷлоси хотимавии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода ширкат кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронии худ Муовини вазир натиҷаҳои пешакии раёсати кишвар дар FSC, яке аз ду ниҳоди тасмимгирандаи САҲА-ро, ки фаъолияти доимоамалкунанда дорад,  муаррифӣ кард.

Ӯ таъкид намуд, ки раёсат дар Форуми мазкур як марҳалаи муҳим ва таҷрибаи пурсамар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, дар ин давра кишвари мо ҳамеша бар пояи принсипҳои ҷории Форум – баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва тавозун амал намудааст.

Гуфта мешавад, дар баробари ин Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додааст, ки иқдомоти Форум ҷиҳати таҳкими минбаъдаи меъёрҳои таъмини назорат дар соҳаи низомӣ-сиёсӣ идома дода шавад.

Тайи чор моҳи ахир барномаи Раёсати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои маъмулии рӯзномаи FSC, аз қабили чолишҳо дар таъмини амният дар марзҳо, мудирияти силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти маъмулии низомӣ, поксозӣ аз минаҳо ва мусоидати кишварҳои САҲА дар татбиқи қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ 1540 ва 1325 амалӣ гардид.

Илова бар ин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ аз қабили СҲШ, СААД, МҲТБО ва Иттиҳоди Аврупо бо таъкид ба нуктаҳои муштараки равобити онҳо дар Осиёи Марказӣ дар барномаи мазкур мавқеи хос доштанд.

Зимни суханронӣ дар иҷлос раиси FSC, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар изҳор дошт, ки дар давраи раёсати кишвар 10 нишасти умумӣ, 7 муколама оид ба масъалаҳои амниятӣ, 1 нишасти муштараки FSC ва Шурои доимии САҲА, 10 мулоқоти кории гурӯҳи «сегона» ва 7 иҷлоси гурӯҳҳои кории FSC баргузор гардиданд.

Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси 8-уми солонаи баррасии раванди татбиқи Кодекси рафтори САҲА ва иҷлоси сеюми кории Конфронси солонаи шарҳи масъалаҳои амниятӣ дар соли 2019 бомуваффақият баргузор гардиданд. Ду қарори FSC, ки дорои хусусияти ҳатмии сиёсӣ мебошанд, қабул гардиданд.

Бо даъвати раёсати Тоҷикистон 19 намояндаи воломақом аз ҳукуматҳо, созмонҳои минтақавӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносон аз Бишкек, Брюссел, Вашингтон, Дублин, Душанбе, Мадрид, Минск, Москва, Нур-Султон, Ню-Йорк ва Пекин ба қароргоҳи САҲА, шаҳри Вена сафар карда, дар муколамаҳо оид ба масъалаҳои амниятии FSC ба сифати суханварони калидӣ гузоришҳо ироа карданд.

Ба раёсати Тоҷикистон муяссар гардид, ки бори нахуст ба кори Форуми мазкур дар як вақт роҳбарони шаш созмони минтақавиро ҷалб намуда, ба онҳо ҷиҳати мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо роҷеъ ба таҳкими муколама бо САҲА дар Осиёи Марказӣ шароит фароҳам оварад.

Барномаи раёсати Тоҷикистон, ба вежа тамаркузи он ба масъалаҳаи амниятии Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баҳои баландро сазовор шуд.

Дар иҷлос намояндагони ҳайатҳои Арманистон, Афғонистон, Беларус, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Словакия, Ӯзбекистон, Финландия/Иттиҳоди Аврупо, Чехия ва Швейтсария бо ҷонибдорӣ аз барномаи раёсати кишвар суханронӣ намуданд.

Қабл аз анҷоми ҷаласа Намояндаи доимии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар фазои тантанавӣ рамзҳои раёсати FSC-ро ба раиси ояндаи Форум – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Чехия дар САҲА Иво Шрамек супорид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.