Дар Тоҷикистон сарулибоси мактабиро арзон карданианд

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ поинравии нархро ба сарулибоис мактабӣ бинобар сабаби аз пардохти андозҳо озод кардани истеҳсолкунандагони ин навъи маҳсулот пешгӯӣ мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, аз 2 май қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз […]

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ поинравии нархро ба сарулибоис мактабӣ бинобар сабаби аз пардохти андозҳо озод кардани истеҳсолкунандагони ин навъи маҳсулот пешгӯӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, аз 2 май қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд, ки имтиёзи мазкур бевосита ба поинравии нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.

“Дар соли хошини 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм талабот ба либоси мактабӣ  985 ҳазор дона нақшабандӣ карда шудааст, ки иҷори нақша дар моҳҳои январ – июни соли 2019 – 40,7 фоиз таъмин гардидааст”, – омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 53 корхонаҳо тибқи ҳисоботи оморӣ дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 – 79 ҳазор дона зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар аксарияти корхонаҳои соҳа ба монанди «Гулистони Душанбе», «Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут-2000», «Нассоҷи Хуҷанд»,  «Зинат», «Ҳусния-Б», «Ниҳол», «Даҳбед», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Алишер АСК», «Само и  К», «Кохи Бонувон»  ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ ба пуррагӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.