Охирин ҷарроҳии Осия ва бори аввал ба ҳавлии беморхона баровардани ӯ

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

Марҳилаи ҷарроҳии ҳафтум ва охирини Осияи Шерзод бо мувафақият гузашт. Ва фардо баъди зиёда аз як моҳ аввалин маротиба ӯро ба ҳавлии беморхона барои дидорбинии наздиконаш мебароранд, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази шаҳрии №3.

Ба гуфтаи Зубайдов, бо хоҳиши Осия, ки зиёд мехоҳад бародарон ва дигар аъзоёни оилаи худро бубинад, фардо ба ҳавлии беморхона бароварда мешавад. “Гарчанде дар роҳ гаштану нишастан Осия азоб мекашад ва базӯр менишинад, аммо хеле мехоҳад бо наздиконаш дидорбинӣ кунад. Ва мо ба ӯ ваъда додем, ки фардо наздиконатро хоҳӣ дид”.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки се рӯз қабл ҷарроҳии 7-уми ва охирини барқарор намудани саломатии Осия низ ба хубӣ анҷом ёфт, ки худи табибони тоҷик онро гузаронидаанд. Ва дар оянда ӯро ҷарроҳиҳои косметикӣ интизор аст. Вале, мегӯяд, Осияро то ҳол ба палата нагузаронидаанд ва дар назар аст, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигоҳубин карда шавад.

 “Осияро ба он хотир ба палата нагузаронидем, чун вақте аз шӯъбаи эҳё ба палата гузаронида шавад, наздикону пайвандон зиёд ба аёдаташ меоянд ва имкони ворид шудани вирусҳо ба захмаш пайдо мешавадт”, – гуфт Зубайдов.

Вазъи саломатии Осияро табибон хуб арзёбӣ мекунанд ва умед аст ба зудӣ саломатиаш беҳтару хубтар гардад.

Дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ низ гуфта шуд, ки ҷарроҳиҳои барқарор намудани саломатии Осияи Шерзод гузаронида шуда, дар оянда низ Вазорати тандурустӣ барои табобати ноболиғ тамоми чораҳоро меандешад.

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатҳои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб Эдгар Бимер бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе ташриф овард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...