Роҳи Ворух-Исфара боз шуд. Захмиёни ҷароҳаташон вазнин аз Ворух бароварда шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ин роҳ рӯзи 22 июл якҷониба аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон пас аз муноқиша бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда буд.

Баъди боз шудани роҳ ҳукуматдорони Тоҷикистон тахминан соатҳои дуи шаб нахуст шаҳрвандони ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух ба Исфара фиристоданд.

Миёни онҳо Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд ва ду нафар шаҳрвандони қаторӣ, ки ҳангоми муноқиша дар сарҳад захмҳои вазнин гирифтанд, ҳузур доранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Исфара.

А.Шомирсаидов ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дошта, як маротиба дар Ворух ҷарроҳӣ шуд, лекин барои ӯ ҷарроҳии мушкилтар зарур аст, ки анҷоми он танҳо дар Исфара ё Хуҷанд имконпазир мебошад.

Қаблан ба ҳукуматдорони Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳатбардошта, нозири ШВКД шаҳри Исфара оид ба корҳои ноболиғон Фаррух Тошхӯҷаевро аз Ворух ба Исфара интиқол диҳанд.

Шоми рӯзи гузашта ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳи мошингарди Исфана – Ошро боз намуд.

“Роҳ пас аз гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду кишвар таҳти роҳбарии муовинони сарвазирон кушода шуд. Ҳаракат тариқи роҳи Исфана – Ош соати 23:00 барқарор шуд. Аз субҳи имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиё тариқи роҳи Исфара – Ворух дар қитъаи Оқсой низ барқарор шуда, нахуст сардори РВКД дар вилояти Суғд ба Ворух раҳсипор шуд”, – хабар медиҳад turmush.kg.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...