Вазорати тандурустӣ: Бо ширкати “Фароз” бар асоси қарори ҳукумат ҳамкорӣ дорем

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо ширкати “Фароз” дар соҳаи ташхис расман тасдиқ намуд.

Муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкати “Фароз дар самти таъмиру бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо), ҳамчунин пардохти иловапулиҳо ба кормандони ин озмоишгоҳҳо идома дорад.

Ӯ қайд кард, ки ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат тарзи муосири ҳамкорӣ буда, ба сарфаи маблағҳои буҷетӣ имкон медиҳад.

“Чунин таҷриба ҳатто дар давлатҳои рушдёфта низ роиҷ аст. Чун имрӯз аз ҳисоби буҷет ҳама чизу шароити заруриро таъмин карда наметавонем, чунин воситаи ҳамкориро роҳандозӣ намудем”, – гуфт муовини вазир.

Саида Умарзода иттилоъ дод, ки ширкати “Фароз” ва муассисаҳои зери назорати он ба рушди соҳаи тиббӣ кумак мекунанд.

“То имрӯз ҶДММ “Беҳдоштӣ” – ширкати зертобеъи “Фароз”, ки озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ба он тааллуқ доранд, ба 45 ҳазор нафар сокинон бепул хизматрасонӣ кард. Ғайр аз ин, ширкати “Фароз” Маркази мубориза бо гепатитҳои вррусиро дастгирӣ намуда, ҳайати шахсиро меомӯзонад ва озмоишгоҳҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуда, иловапулиҳоро ба кормандони марказ пардохт мекунад”, – қайд кард Саида Умарзода.

Ӯ ҳамчунин масъалаи гарон шудани маълумотномаҳои тиббиро баъди ба ихтиёри ширкати “Фароз” супурдани озмоишгоҳҳо шарҳ дод.

“Масалан, барои гирифтани маълумотнома (справка)-и шакли 032 (барои ба мактаб қабул кардани кӯдакон) муоина дар марказҳои солимӣ аз ҷониби табибон 31 сомонӣ ва ташхисҳо дар озмоишгоҳҳои “Беҳдоштӣ” – 58 сомонӣ нарх доранд. Ин пулҳо асосан барои дастрас кардани реактивҳо барои ташхис харҷ мешаванд”, – илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...