Вохӯрии собиқ президенти Қирғизистон бо Путин дар Маскав

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Русия Владимир Путин президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи kremlin.ru хабар медиҳад.

"Ягон чизи махфӣ нест. Шумо медонед, ки ман ҳамеша барои тамос бо ҳамтоёни кунунӣ ва пешинам омода ҳастам. Бале, дар ҳақиқат ман бо Отамбоев мулоқот кардам ва мо дар бораи вазъи минтақа ва Қирғизистон суҳбат доштем", – гуфтааст Путин ба рӯзноманигорон.

Президенти Русия ҳамчунин гуфтааст, ки мавқеи ӯ равшан аст ва онро ба Отамбоев ҳам баён кардааст. "Ба назари ман, Қирғизистон барои мо давлати наздик ва ҳампаймон аст. Он ҳадди ақал ду бор шоҳиди нооромиҳои дохилии сиёсии ҷиддӣ шудааст ва фикр мекунам, маҳз ба хотири манофеи мардуми қирғиз бояд ба ин иктифо кард. Кишвар ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи мардум бояд дар атрофи президенти кунунӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди Қирғизистон мусоидат кунанд. Мо бо Қирғизистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ дорем. Мо мехоҳем, бо ҳукумати кунунӣ ҳамаи нақшаҳоро иҷро кунем", – изҳор доштааст Путин.

Гуфта мешавад, як ҳайат бо раҳбарии Алмосбек Отамбоев 24 июл аз пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Канти Қирғизистон ба Москва парвоз кард. Мушовири Отамбоев Кундуз Ҷолдубоева дар "Фейсбук" навишт, ки президенти пешини Қирғизистон бо даъвати дсӯтонаш ба Русия рафт, вале нагуфт, ки "ҷониби даъваткунанда" кист, вале навишт, ки "дар Москва мулоқоти сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд".

"Отамбоевро дар сафараш ба Русия иҷрокунандаи вазифаҳои раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Асел Кодуранова, муовинони раиси ҳизб Муродалӣ Мадеминов, Ирина Карамушкина ва Кундуз Жолдубоева, намояндаи расмии ҳизб дар Русия Темирлан Султонбеков ҳамроҳӣ мекунанд", – изҳор дошт вай.

Президенти кунунии Қирғизистон Сооронбек Ҷеенбеков 11 июли соли равон сафари кутоҳеро ба Русия анҷом дода буд.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.

Порлумони Қирғизистон 27 июни соли равон Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...