Талоқ бо СМС. Тоҷикистониёнро ба қатъи ҷудошавӣ тариқи телефон даъват мекунанд

Ҳамасола тақрибан 100 ҷуфти оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолати ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак расидагӣ шавад. Шӯрои уламои Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост мекунад, ки ба таҷрибаи аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи “СМС-талоқ” хотима бахшанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июл зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, […]

Ҳамасола тақрибан 100 ҷуфти оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолати ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак расидагӣ шавад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост мекунад, ки ба таҷрибаи аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи “СМС-талоқ” хотима бахшанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июл зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2016 Шӯро дар мавриди ҷудошавии оилаҳо тариқи телефон ва смс муроҷиатнома нашр намуд.

“Вақте шахс баргашта, боз зани худро мебинад, шояд қарори ӯ тағйир ёбад, зеро симои шахс қобили эҳтиром буда, як ҳисси самимият ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, мо дархост намудем, ки ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштани яке аз ҳамсарон оилаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд”, – иброз дошт Абдулқодирзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мазҳаби ҳанафӣ кофист, ки мард нисбати ҳамсараш калимаи “талоқ”-ро ба забон орад, ҳатман се маротиба ва бо ҳамин никоҳ шикаста мешавад.

“Дар баъзе мазҳабҳои ислом ҳузури шоҳид зимни ҷудошавии оилаҳо ҳатмӣ аст, лекин дар мазҳаби мо ин тавр нест. Дар ин самт мо корҳои тарғибу фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем, то ки шумори аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи телефону смс кам шавад”, – хабар дод ӯ.

Тибқи маълумоти Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамасола тақрибан 100 ҷуфт оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолатҳои ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак, ки дар он ҳамагӣ се калима – “Талоқ, талоқ, талоқ” зикр шудааст, расидагӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.