“Амонатбонк” ба наздикӣ ба додани ипотека оғоз мекунад

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” тағйиротро дар қонун мунтазир аст, то ки ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз намояд. “Тавре медонед, қарзҳо барои ипотека дарозмуҳлатанд, яъне ба муҳлати на камтар аз 10 сол, – қайд кард раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. – Агар мо саҳмгузориҳои амонатиро ба муҳлати 10 сол дарёфт кунем, метавонем […]

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” тағйиротро дар қонун мунтазир аст, то ки ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз намояд.

“Тавре медонед, қарзҳо барои ипотека дарозмуҳлатанд, яъне ба муҳлати на камтар аз 10 сол, – қайд кард раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. – Агар мо саҳмгузориҳои амонатиро ба муҳлати 10 сол дарёфт кунем, метавонем қарзҳои 10-сола пешниҳод намоем”.

Ғайр аз ин, таъкид дошт ӯ, “Амонатбонк” ҳамчунин дар ҳаҷми 417 млн. сомонӣ сармоя дар ихтиёр дорад.

“Ин бевосита маблағҳои мо буда, қисмате аз онро низ метавонем ба қарздиҳӣ барои ипотека равона созем”, – иброз дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик аз ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи ипотека” интизорӣ меравад, ки дар он бидуни баҳси судӣ ба ихтиёри бонк гузаштани амволи ба гарав гузошта пешбинӣ мешавад.

Роҳбари бонки давлатӣ таъкид намуд, ки дар сурати қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни зикршуда, “Амонатбонк” ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.