Медали тиллои паҳлавони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё

Asia-Plus

Паҳлавони навраси кишвар Ғаниҷон Ғаниев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали тилло шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба дзюдо 27-28 июл дар Тайпейи Чин баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Ғаниҷон дар вазни -73кг дар даври аввал озод буд, сипас дар чорякфинал варзишгари Австралия Даннӣ Воҷникевичро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Ӯ дар нимфинал бар варзишгари мизбон Чин-Лианг Чу ва дар финал бар намояндаи Қазоқистон Серикбол Йестай дастболо шуд.

Ғаниҷон соли гузашта дар Чемпионати Осиё миёни наврасон дар Лубнон сазовори медали биринҷӣ шуда буд.

Паҳлавони дигари навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар вазни -90кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Мансур низ дар даври аввал озод буд, баъдан дар чорякфинал бар намояндаи Австралия Лиам Спиллен ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи кишвари мизбон Шенг-Кай Лин шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Нурасил Болат дастболо шуд.

Ду варзишгари дигари Тоҷикистон Ҳайдаршо Мирзомуддинов дар вазни -73кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +90 дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Ёдрас мешавад, ки Аҳлия Муъминова дар вазни -52кг миёни духтарон сазовори медали биринҷӣ гардида буд.

Зикр мегардад, ки дар чемпионат 159 варзишгар (94 писар, 65 духтар) аз 17 давлати қораҳои Осиё ва Уқёнус иштирок карданд.

Акнун 29-30 июл Чемпионати Осиё миёни ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин синну сол 170 варзишгар (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо 9 варзишгар – Меҳрзод Суфиев (-60кг), Шодмон Ризоев, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Оламафрӯз Абдураҳмонов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-90кг), Иброҳимҷон Элмуродов, Шарифҷон Назриев (-100кг) миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) миёни духтарон ба Тайпей сафарбар гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...