Ҳисор: Оғози марҳилаи хотимавии лоиҳаи рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

Иттилоияи расмӣ

Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии  Ҷопон ва Сафорати Ҷопон  шартномаи грантиро оид ба “Рушди Таҳсилоти Фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар шаҳри Ҳисор (Марҳилаи 3-юм)” ба имзо расонданд.

Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи яксоларо оид ба таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Ҳисор бо  маблағгузории ҳукумати Ҷопон амалӣ намояд.

Маросими  ба имзорасии  лоиҳаи мазкур санаи 31-уми  июли соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими мазкур,  ҷаноби Ҳаҷиме КИТАОКА, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳо аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи ш. Ҳисор ва мактабҳои шарик иштирок намуданд.

Тариқи ҳамкории зич бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи ш. Ҳисор, АКД Ҷопон мақсад гузоштааст, ки кушишҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  вобаста ба таҳсилоти фарогир, ки дар “Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” муайян гардидааст ва  аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон 30 апрели соли 2011 (№228) тасдиқ гардидааст, дастгирӣ намояд.

Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур, АКД Ҷопон роҳравакҳои  аробачаҳои маъюбӣ, дастқапакҳо ва ҳоҷатхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, №12 ва №52-и ш. Ҳисорро пурра таъмир намуда, барои хонандагони имконияташон маҳдуд шароити мусоидро фароҳам меорад. Ба ғайр аз корҳои барқарорсозӣ, аробачаҳои маъюбӣ, асбобҳои ёрирасон ва лавозимоти таълимӣ барои синфхонаҳои мутобиқгардоние, (адаптивный класс) ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар боло зикр гардида ҷудо шудаанд, дастрас карда мешаванд.

Илова бар ин, якчанд курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва фаъолиятҳо барои баланд бардоштани маълумотнокӣ бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи тафаккури  кадрҳо оид ба  таҳсилоти фарогир ва ворид намудани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ гузаронда мешаванд.

Лоиҳаи мазкур  марҳалаи охирин аст, ки АКД Ҷопон вобаста ба таҳсилоти фарогир дар шаҳри Ҳисор амалӣ хоҳад намуд. Тибқи лоиҳаи гузашта, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи №2, №5, №15 ва №24 шаҳри Ҳисор фаъолиятҳои хешро дар самти таҳсилоти фарогир бо ҳамкории АКД Ҷопон оид ба пешбурди таҳсилоти фарогир идома хоҳанд дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...