Ҳалокати шаҳрванди Ӯзбекистон бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 30 июл дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок рух дод, шаҳрванди 32-солаи Ӯзбекистон Азим Додобоев ба ҳалокат расид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, нимаи дуюми ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ноҳияи Шаҳристон Даврон Қобилови 30-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Фирдавсӣ […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 30 июл дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок рух дод, шаҳрванди 32-солаи Ӯзбекистон Азим Додобоев ба ҳалокат расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, нимаи дуюми ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ноҳияи Шаҳристон Даврон Қобилови 30-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Фирдавсӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

“Дар натиҷа он ба автомашинаи тамғаи “Шевроле-Кобалт” таҳти идораи шаҳрванди Ӯзбекистон, сокини шаҳри Намангон Азим Добоев бармехӯрад ва он ба ҷар сарозер меравад”, – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, Азим Добоев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофири ӯ – ҳамчунин шаҳрванди Ӯзбекистон Алишер Нурматови 44-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки ронандаи автомашинаи дигар осеб надида, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 124 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд нирифта шуда, бар асари он 49 нафар ҳалок (6 нафар ноболиғон) ва 138 нафар (20 нафар ноболиғон) ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.