Бо қарори ҳукумат раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрук барҳам дода шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, рааёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки назди ҳукумат барҳам дода шуд.

Пас аз ошкор шудани амалҳои ғайриқонунии корманди ин хадамот Шаҳбоз Раҷабзода Раёсати амнияти дохилии Хадамот пурра барҳам дода шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Хадамоти мазкур Хуршед Каримзода.

Ба саволи журналистон дар бораи чӣ гуна дар муддати якуним соли корӣ дар мақомоти гумрук то ба мартабаи подполковникӣ расидани Шаҳбоз Раҷабзода, Каримзода посух дод, ки собиқ корманди хадамот моҳи август ё сентябри соли 2017 аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, ки дар он ҷо ба ҳайси сардори яке аз раёсатҳо фаъолият мекард, ба Хадамоти гумрук гузаронида шудааст.

“Ба шахсоне, ки дар хизмати шаҳрвандии давлатӣ кор мекунанд, рутбаи дараҷавӣ дода мешавад. Шаҳбоз Раҷабзода дар вазорат рутбаи “мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1-ум”-ро дошт, ки ба рутбаи полковники мақомоти гумрук баробар аст. Вақте ки ба Хадамоти гумрук гузаронида шуд, рутбаи майорро гирифт”, – гуфт Каримзода.

Ӯ таъкид дошт, ки рутбаи навбатии подполковник ба Раҷабзода аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 дода шуд, ки беш аз 370 нафар кормандони хадамоти гумрук бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд, аз ҷумла наздики 170 нафар рутбаҳои навбатӣ гирифтанд.

Бино ба гуфтаи Каримзода, ошкор шудани дурӯғгӯиву танқиди Раҷабзода зимни вохӯрӣ бо президент рӯзи 10 май барои ӯ ногаҳонӣ буд.

“Раҷабзода худи ҳамон рӯз аз вазифааш озод шуд. Агар мо инро медонистем, саривақт ин мушкилро ҳал мекардем”, – иброз дошт роҳбари Хадамот.

Ӯ қайд намуд, ки ҷой доштани камбудиҳоро дар кори мақомоти гумрук инкор намекунад ва онҳо ба ислоҳи онҳо кӯшиш доранд.

Дар ҳамин ҳол, Каримзода таъкид дошт, ки президент асосан аз он норозигӣ изҳор намуд, ки Раҷабзода ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шуда, ба хориҷи кишвар бисёр сафарҳо доштааст.

“Ҳангоми кор дар мақомоти гумрук ба Раҷабзода танҳо 4 маротиба барои сафар ба хориҷа иҷоза дода шуд: бо сабаби бемории модараш ва ҳамроҳӣ кардани ӯ ва ҳамчунин замони садама дасташро шикастан”, – гуфт сардори Хадамоти гумрук.

Зимнан зикр шуд, ки баъдан аз ҷониби мақомоти дахлдор маълум карда шуд, ки ӯ ба хориҷа сафарҳои хеле зиёдтар доштааст.

“Мо ҳар як кормандро назорат карда наметавонем, ки чӣ гуна амвол дорад. Чизеро медонем, ки дар эъломияаш зикр мекунад”, – гуфт Каримзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...