Дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ 48 занони тоҷик қарор доранд

Мақомоти Тоҷикистон талоши овардани 158 зан аз зиндонҳои хориҷро доранд. Дар ин бора Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба иттилои мавсуф, аз шумораи занон 90 нафарашон дар зиндонҳои Русия, 48 нафар дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва боқимонда дар Чин ва Туркия қарор доранд. Гуфта мешавад, ки заноне, ки зар […]

Мақомоти Тоҷикистон талоши овардани 158 зан аз зиндонҳои хориҷро доранд. Дар ин бора Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, аз шумораи занон 90 нафарашон дар зиндонҳои Русия, 48 нафар дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва боқимонда дар Чин ва Туркия қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки заноне, ки зар зиндонҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд бо ҷурми пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни “Гурӯҳи Исломӣ” гунаҳгор дониста мешаванд. Аммо ба гуфтаи Марҳабо Олимӣ, Давлати Тоҷикистон ва гурӯҳи корӣ талош дорад, ки бегуноҳии ин занонро исбот намоянд, ки онҳо ҷабрдида ҳастанд.

– Бештари заноне, ки дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд на гунаҳгор, балки ҷабрдида ҳастанд ва  бештари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Чун ин занон аз пайи шавҳар ё бо хоҳиши онҳо ба ин давлатҳо рафтаанд. Ҳоло талош дорем, ки бегуноҳии занон исбот гардад ва онҳо аз зиндонҳои Сурия ва Ироқ озод шуда, ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Ҳамчунин моддаҳое, ки ин занон маҳкуманд, сабук карда шаванд, – илова кард Марҳабо Олимӣ.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 300 нафар занон қарор доранд, ки ҷиноятҳои гуногуни содир намудаанд ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила соле ду маротиба бо онҳо дидору суҳбатҳо мегузаронанд.

Инчунин раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода низ дар нишаст иброз намуд, ки баъди  аз маҳбас озод шудани занон намояндагони кумита бо онҳо ҳамеша дар робита буда, аз кору фаълияти онҳо огоҳӣ доранд. Ва ҳатто ду маҳбус бо грантҳои президентӣ сарфароз гардида, соҳибкорони муваффақ мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Инҳо кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳҳои ифротгароӣ мебошанд, ки дар урдӯгоҳ ва ё зиндонҳои Ироқ қарор доштанд. Бархе аз онҳоро замоне волидон ҳамроҳашон ба Ироқ бурда, чандеи дигар аллакай дар ҳамон ҷо ба дунё омадаанд. Падари аксарияти онҳо кушта шуда, модаронашон барои ҳамдастӣ бо террористон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.