Пайвандгари дилу роҳ. Бахшида ба 75-солагии собиқ вазири нақлиёти кишвар Охонлаъл Оламов

Мамадалӣ Бахтиёров, махсус барои Asia-Plus

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб шавад бо мард баланд.

Дар тӯли солҳо дарёи Бартанг муаммое барои мусофирон ба ҳисоб мерафту мардум ҳангоми аз  он гузаштан ба азобу уқубати зиёде дучор меомад. Бисёре аз мусофиронро оби дарё ба коми хеш мекашиду нобуд месохт. Аз оби дарё фақат бо шутур гузаштан мешуд ва он ҳам дар ҳангоми паст шудани обаш. Дар мавсими тобистон нафаре аз он гузашта наметавонист.

 Соли 1939 болои ин дарёи пурталотум дар деҳаи Шучанд паром сохтанд ва мусофирону мошинаҳо аз як суйи дарё ба дигар тарафаш тавассути паром мегузаштанд. Бо сохтмони паром роҳи мошинагради Рӯшон –Хоруғ кушода шуд. Вале паром ҷойи купрӯкро гирифта натавонист ва кори онро анҷом дода наметавонист. Соатҳои зиёде лаби дарёи Бартанг паромро интизор шудан ба пешбурди ҳаёт халал меовард. Аммо мардум тоқат мекард, зеро илоҷи дигаре надоштанд.

Фақат соли 1969 масъалаи сохтмони купрӯки болои дарёи Бартанг ба миён омад. Сохтмон вақти зиёдеро талаб мекард ва роҳбарияти вилояту шӯъбаи нақлиёту сохтмони кумитаи ҳизбии вилоятро заҳматҳои зиёде пеш меовард. Одами ташаббускору кордоне лозим буд, ки рафти сохтмонро назорат намояд…

 Соли 1971 котиби якуми комитети вилоятии ҳизб Давлатқадам Хушқадамов  мудири шӯъбаи нақлиёт ва алоқа Муъминшо Абдулвасиевро ба пешаш хонд.

 — Муъминшо, шунидам, ки дар автобазаи №50 як ҷавони соҳибистеъдоде бо номи Охонлаъл кор мекунад. Ҳама аз кораш розианд, ҳамчун коммунисти ҷавон худро дар ҳар кор хеле хуб нишон медиҳад. Чӣ мешавад, ки вайро ба наздат ҳамчун инструктор биёрем. Тарбияташ мекунем. Шояд кадри хубе шавад.

–Охонлаълро ман аз замони кӯдакияш мешиносам,- гуфт Муъминшо Абдулвасиев. – Одами босавод ва аз ҳама муҳимаш дар оилаи хубе тарбият ёфтааст. Падараш ҳамон Оламе, ки дӯсти шумост.

-Олами Шипадӣ. Охонлаъл писари ҳамон дӯстам. Набошад  аз пагоҳ вайро дар вазифаи гуфтагиам ба кор даъват намоед. 

– Ман ҳам бисёр мехостам, ки Охонлаъл барин кормандон дар қаторамон бошанд. Кори сохтмони купрӯки Вамарро маҳз ба ӯҳдааш месупорем. Вай одами қобилиятнок ва бовар дорам, ки корро хуб иҷро мекунад, – гуфт дар  анҷоми  суҳбат Муъминшо Абдулвасиев

Ҳамин  буд, ки  Охонлаъл Оламов соли 1971 инструктори шӯъбаи нақлиёт ва алоқаи комитети ҳизбии Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ таъин гардид ва баъди як сол, ҳангоме, ки Муъминшо Абдулвасиевро муовини аввали раиси комиҷроияи вилоят  интихоб намуданд, Охонлаъл Оламов бо дархости котиби якуми комитети вилоятии ҳизб Хушқадам Давлатқадамов мудири шӯъбаи нақлиёт ва алоқаи комитети ҳизбии Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ таъин шуд ва тамоми кори сохтмони купрӯки болои дарёи Бартангро  ба зимааш вогузор намуданд.

Дар сохтмони он беҳтарин сохтмончиёни вилоят фаро гирифта шуданд. Купрӯк мувофиқи нақшаи таҳияшудаи архитекторони Гурҷистон сохта мешуд.  Охонлаъл Оламов аз кори сохтмон пайваста хабар гирифта, бо сардори участкаи сохтмони купрӯк Мавлоназар Саҳибназаров, ки яке аз мутахассисони сохтмони купрӯкҳо ба ҳисоб мерафт, алоқаи мустаҳкаме пайдо намуд. Коргарон таҳти роҳбарии  вай хуб меҳнат мекарданд.

Охонлаъл ҳар рӯз ба пеши сохтмончиён меомад ва хамроҳашон то бевақтии шаб кор мекард. Бо сохтмончиён муносибати хубе дошт. Дасти ҳар коргарро бо муҳаббат мефишурд ва дилашонро ба кор гарм менамуд.  Вай  ҳис мекард, ки бе иштироки бевоситааш кори сохтмон ба таври лозимӣ пеш нахоҳад рафт. Ба ин хотир дар назди сохтмончиён худро на ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун дӯст ва дар қатори онҳо сохтмончӣ нишон медод. Ба суҳбатҳои самимии  онҳо шарик мешуду ҳар камбудии корро сари вақт ҳал мекард. Кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод, ки сохтмончиён аз маводи сохтмони танкисӣ накашанд.

Ҳамин муносибати хоксорона буд, ки Охонлаъл  Оламов дар байни коллективи сохтмончиён ҷойи худро ёфт. Бо ҳар коргари оддӣ  озодона суҳбату мубоҳисаҳо мекарду дар ҳамин миён роҳи ҳалли корро пайдо мекарданд. Дар баробари ин масъулиятро хеле хуб ҳис менамуд, ки сохтмони купрӯк бояд дар вақти муайяншуда ба охир расонида шавад.

Моҳи октябри соли 1972 дар арафаи 50 – солагии СССР сохтмони купрӯк пеш аз муҳлати муқарраршуда ба охир расид. Рӯзи 13 октябри соли 1972 дар кушодашавӣ ва ба истифодадиҳии купрӯки нав, ки «50-солагии СССР» номгузорӣ шуда буд, котиби якуми комитети ноҳиявии ҳизби ноҳияи Рӯшон Искандар Қаландаров, ҷонишини вазири нақлиёти Ҷумхҳрии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон П.Эшматов, котиби дуюми комитети вилоятии ҳизб А.В.Сайманов, мудири шӯъбаи саноат ва алоқа Охонлаъл Оламов ва дигар роҳбарони ноҳияву вилоят иштирок намуданд.

Меҳнати босуботи сохтмончиён боиси таҳсину офарин буд ва сардори сохтмон Мавлоназар Соҳибназаров бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва мошини сабукрави «Москвич», коргарон Чӯпонов Давлатшо бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,  сохтмончиён Азизмамадов Шакарин бо медали «Барои мехнати шоиста», С. Назаршоев бо мотосикли сечархаи «Урал» ва дигарон бо мукофотҳои пуливу молӣ қадр карда шуданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани купрӯки болои дарёи Бартанг дар худи ҳамон сол ҳолати боркашонӣ аз тариқи роҳи мошинагарди Душанбе – Хоруғ барои таъмини зисту зиндагонии мардум ба қадри кофӣ беҳтар гардид.

Шӯъбаҳои ғайриштатии савдо ва хӯроки умумии комитети ичроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони ноҳияҳои вилоят нақшаҳои кории худро барзиёд ичро намуданд. Нақшаи кашондани молҳои саноатӣ, мисли матоҳои пахтагин 125,5 фоиз, пӯшокҳои  дӯхта 121 фоиз, молҳои озукаворӣ 133 фоиз, равғани растанӣ 127 фоиз ва ғайрахо барзиёд иҷро шуданд.

Натиҷаи кори Охонлаъл Оламов дар вазифаи мудири шӯъбаи саноат ва алоқа самарии хубе дод ва роҳбарияти вилоят аз кораш розӣ буданд. 

Ташаббускориву истеъдоди худододияш имкон дод, ки барои мардуми ҳамаи навоҳии вилоят роҳи басо муҳимеро кушода тавонад, ки имрӯз ҳам мардум бемалол аз купрӯк гузашта борашонро ба манзил мебаранд. Ду сол дар ин вазифа  фаъолият намуд. Дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки корҳои бузургеро пиёда намояд, ки асрҳо боқӣ хоҳанд монд.

Истеъдоди хубу кордониии Охонлаъд Оламов буд, ки бо хатми Мактаби олии ҳизбӣ вайро дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии  Точикистон ба кор гирифтанд ва сипас вазифаи мудири шӯъбаи нақлиёт ва саноатро ба зимааш гузоштанд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳам хизматҳои Охонлаъл Оламов назаррасанд. Ба сифати Вакили Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон барои мардуми ноҳияи Нурободи (Комсомолободи собиқ) корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва имрӯз ҳам мардуми ин ноҳия ӯро ба некномӣ ёд мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумхурии Тоҷикистон то ба вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон сабзида расид.

Аммо тақдирҷунбон умраш надод. Дар айни шукуфоии истеъдод, бар асари ҷангҳои таҳмилии  бемаънии шаҳрвандӣ соли 1993, яъне  24 январи ҳамон сол  аз хона баромад ва ба самти фурӯдгоҳ рафт, то сарулибоси гармро ба ҳамсару  фарзандонаш, ки дар ноҳияи Рӯшон буданд, бифиристад.  Сад афсӯс, ки Охонлаъл Оламови соҳибхирад аз дасти гурӯҳи  нохалафе ба самти номаълум бурда шуд ва то ба имрӯз аз ӯ нишоне нест.

Боиси гуфтан аст, ки ному кори неки Охонлаъл Оламов  ҳамеша дар дили хешу ақрабо ва дӯстони ҷониаш  абадан боқӣ хоҳад  монд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...