Қатъи кори беш аз 12 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон тӯли ним сол

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар субъектҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ намуданд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 31 июл дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода. “Дар ин давра ба сурати умум дар кишвар фаъолияти 13 ҳазору 157 субъектҳои хоҷагидорӣ қатъ шуд, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар субъектҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ намуданд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 31 июл дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

“Дар ин давра ба сурати умум дар кишвар фаъолияти 13 ҳазору 157 субъектҳои хоҷагидорӣ қатъ шуд, ки аз ин шумор 451 субъект – шахси ҳуқуқӣ ва 12 ҳазору 702 субъект – соҳибкорони инфиродӣ мебошанд”, – иброз дошт Ҳамрализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз 10 то 15 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолияти худро дар ҷумҳурӣ қатъ мекунанд ва сабаби аслиаш рақобатнопазирӣ аст.

“Сабаби аслӣ дар он аст, ки соҳибкорон ба рақобат тоб оварда наметавонанд, нақшаи рушдро дуруст таҳия намекунанд, вижагиҳои маркетинг (бозорёбӣ) ва ҳисобу китобро намедонанд ва ҳамчунин қонунгузории андозро риоя намекунанд. Дар натиҷа муфлис шуда, ба фаъолияти худ хотима мебахшанд”, – – қайд кард раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта шумори субъектҳои соҳибкорӣ ба беш аз 11 ҳазор адад афзудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба ҳолати 1 июл қариб 323 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар фаъолият доранд.

Қаблан вазири саноат ва технолгияҳои нави кишвар Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуда буд, ки аз оғози сол 181 корхонаву коргоҳҳо, ки дар онҳо наздики 2 ҳазор нафар кор мекарданд, фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.