“Роғун” шабонарӯзӣ то 3,9 млн. кВт-соат барқ истеҳсол мекунад

Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” айни замон шабонарӯзӣ то 3,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс”раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода. Бино ба гуфтаи ӯ, аз 16 ноябри соли гузашта, замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин агрегат, дар он 210,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Қабалн раҳбарияти энергохолдинг иттилоъ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” айни замон шабонарӯзӣ то 3,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс”раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз 16 ноябри соли гузашта, замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин агрегат, дар он 210,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Қабалн раҳбарияти энергохолдинг иттилоъ дода буд, ки давоми 45 рӯзи охири соли гузашта (аз 16 ноябр то 31 декабр) дар нерӯгоҳи Роғун 33 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.

Ҳамин тариқ, аз оғози соли равон дар агрегати якуми нерӯгоҳ 177,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки ба каме бештар аз 2% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда дар кишвар тӯли нимсолаи аввал баробар аст.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 8,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки муҳлати ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун, ки моҳи апрел пешбинӣ гардида буд, ба моҳи сентябри ҳамин сол мавқуф гузошта шуд.

Дар толори мошинии нерӯгоҳи Роғун ба сурати умум насби шаш агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шуда, аз анҷоми пурра сохтмони нерӯгоҳ соли 2033 интизорӣ меравад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба ҳисоби миёна зиёда аз 17,0 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.