Ҳалокати 6 тоҷикистонӣ дар садамаи нақлиёти марговар дар Рязан

Asia-Plus

Дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳ тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳамаи ҳалокшудагон – муҳоҷирон, шаҳрвандони Тоҷикистон: панҷ нафар калонсолон ва як кӯдак ноболиг будаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

Боз 8 тани дигар ҷароҳат бардошта, ду нафар аз онҳо – писараки мусофир аз микроавтобус ва боз як осебдидаро дар бемористони марказаии Сасово бистарӣ кардаанд.

Фавтидагон мусофирони микроавтобуси Mercedes Vito будаанд, ки гӯё микроавтобусро фармоиш дода, он бо рақамҳои русиягӣ ҳаракат доштааст.

Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки шахсияти фавтидагон айни замон муайян карда мешавад. Кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, лекин воқеияти имрӯзаи Русия чунин аст, ки аксаран тоҷиконро ба ӯзбек ё озарбойҷонӣ монанд мекунанд”, – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки маълумоти саҳеҳ дар бораи ҳалокшудагон баъдтар дастраси умум мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.