Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова дар Иди Қурбон ба хуҷандиҳо консерт тақдим мекунанд

Ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова рӯзи 11 август дар шаҳри Хуҷанд консерт медиҳанд. Дар ин бора Шабнами Сурайё дар Instagram ба ҳаводоронаш хабар додааст. Консерти муштараки ситораҳо дар тарабхонаи “Равшан” дар шаҳри Хуҷанд соти 19:00-и шом оғоз мегардад. Қаблан сарояндагони маҳбуб Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё ҳамроҳ сурудеро бо номи “Таролла […]

Asia-Plus

Ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова рӯзи 11 август дар шаҳри Хуҷанд консерт медиҳанд. Дар ин бора Шабнами Сурайё дар Instagram ба ҳаводоронаш хабар додааст.

Консерти муштараки ситораҳо дар тарабхонаи “Равшан” дар шаҳри Хуҷанд соти 19:00-и шом оғоз мегардад.

Қаблан сарояндагони маҳбуб Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё ҳамроҳ сурудеро бо номи “Таролла Далли” иҷро ва сабт карданд. Мусиқӣ ба сурудро Юлдуз эҷод кард.

“Ин деринтизортарин дуэти мо бо Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек мӯҳтарама Юлдуз Усмонова мебошад. Барои ман боиси фахр ва хушнудист, ки бо чунин шахсияти зебову эҷодкор суруд сароидам. Худо кунад, ки чунин лоиҳаҳо дар оянда зиёд шаванд”,-навишта буд Шабнами Сурайё.

Тарона дар канали овозхони тоҷик дар шабакаи YouTube нашр гардида, лекин клипи он алҳол наворбардорӣ нашудааст. То имрӯз таронаро қариб 3 млн. нафар тамошо кардаанд.

Қисмате аз таронаро Юлдуз Усмонова бо забони ӯзбекӣ ва қисмати дигарро Шабнами Сурайё бо забони тоҷикӣ месароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.