Ҳалокати 6 тоҷикистонӣ дар садамаи нақлиёти марговар дар Рязан

Дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳ тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд. Ҳамаи ҳалокшудагон – муҳоҷирон, шаҳрвандони Тоҷикистон: […]

Asia-Plus

Дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳ тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳамаи ҳалокшудагон – муҳоҷирон, шаҳрвандони Тоҷикистон: панҷ нафар калонсолон ва як кӯдак ноболиг будаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

Боз 8 тани дигар ҷароҳат бардошта, ду нафар аз онҳо – писараки мусофир аз микроавтобус ва боз як осебдидаро дар бемористони марказаии Сасово бистарӣ кардаанд.

Фавтидагон мусофирони микроавтобуси Mercedes Vito будаанд, ки гӯё микроавтобусро фармоиш дода, он бо рақамҳои русиягӣ ҳаракат доштааст.

Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки шахсияти фавтидагон айни замон муайян карда мешавад. Кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, лекин воқеияти имрӯзаи Русия чунин аст, ки аксаран тоҷиконро ба ӯзбек ё озарбойҷонӣ монанд мекунанд”, – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки маълумоти саҳеҳ дар бораи ҳалокшудагон баъдтар дастраси умум мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.