Роҳбарии ҷавони 31-солаи тоҷик ба як ҳалқаи Давлати исломӣ дар Афғонистон

Бино ба як гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, як ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистонро як ҷавони 31-сола аз Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, бино ба гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, яке аз ҳалқаҳои ДИИШ дар Афғонистонро ҷавони тоҷике раҳбарӣ мекунад. Дар ин гузориш […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бино ба як гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, як ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистонро як ҷавони 31-сола аз Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, бино ба гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, яке аз ҳалқаҳои ДИИШ дар Афғонистонро ҷавони тоҷике раҳбарӣ мекунад. Дар ин гузориш доир ба миқёси хатари ДИИШ дар ҷаҳон омадааст, ки раҳбарии ҳалқаи “Хуросон”-ро Сайвалӣ Шафиев, шаҳрванди Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, ки тахаллуси “Муовия”-ро дорад.

Дар гузориш омадааст, ҷангҷӯёни ҳалқаи Хуросон дар ДИИШ тақрибан 200 нафар ҳастанд ва Сайвалӣ Шафиев ҳоло дар вилояти Нангарҳор фаъолият мекунад ва узви Шӯрои раҳбарии созмон аст.” Таъйиди ин гуфта аз манобеи амниятӣ дар Афғонистон имконнопазир аст.

Дар гузорише, ки ҳайате аз коршиносони Созмони Милал бар асоси маълумоти кишварҳои ҷаҳон омода мекунанд, зикр шудааст, ки Сайвалӣ Шафиев, аз тариқи интернет ба ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии пул барои созмон машғул аст ва барои ин кор “забони тоҷикиро ба кор мебарад.”

Номи Сайвалӣ Шафиев моҳи майи соли 2018 дар як гузориши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон садо додааст. Дар ин моҳ кумита бо нашри як филми мустанаде бо номи “Манқуртҳо” гуфт, 14 нафарро, ки мехостанд, дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд ва ҳамчунин пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тарконанд, дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Дар он филм фардеро бо номи Шафиев Сайвалӣ Рауфович ном бурданд, ки ба гуфтаи мақомот “Ҷалолободӣ” ва “Муовия” лақаб доштааст ва аз ҷумла дар тамрину ба Тоҷикистон фиристодани ду узви маҳкумшудаи ДИИШ нақши муҳиме иҷро кардааст.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, Сайфалӣ Шафиев, зодаи ноҳияи Ҳисор аст ва худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаллиғи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” муаррифӣ мекардааст. Номи ин ҷавон ҳамчунин дар як ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе зикр шудааст ва аз ӯ ба ҳайси мубаллиғони ДИИШ ном бурдаанд, ки дар ҷалби як ҷавон ба сафи ин созмон нақш доштааст.

Муаллифони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хатари терроризм, ки аз Афғонистон бармеояд, нигарон ҳастанд. “Дар шимоли Афғонистон, дар вилояти Бадахшон чанд гурӯҳи ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ, ки шарики Ал-қоида ҳастанд, фаъолият мебаранд. Аз ҷумла гурӯҳи Катиба-ал-Имом-Ал-Бухорӣ, ки 50 узв дорад. 100 нафар аз гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистон ва 50 нафар аз гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ. Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ тахминан 350 узв ва Ҷамоати Ансоруллоҳ 30 узв доштаанд.

Муаллифони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, тахмин меравад, дар Афғонистон 100 ҷангҷӯи тоҷик ҳузур дошта бошанд ва дар гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ шомиланд, ки зери назари Толибон фаъолият мекунанд. Гузориши мазкурро рӯзи 15-уми июл ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал фиристодаанд ва матни онро чанде пеш нашр карданд.

Дар ин санад ҳамчунин омадааст, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ки бахусус дар шимоли Афғонистон ва аз ҷумла Бадахшон паноҳ бурдаанд, бо қочоқбарони маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд ва ҳамчунин саъй доранд, ки ҷангҷӯёнро ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид намоянд. Давлати Тоҷикистон пайваста аз ҳузури гурӯҳҳои тундраву террористӣ дар шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст ва дар посбонии марзи тулонӣ бо ин кишварро тақвият додааст.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2019 дар амалиётҳои махсус 26 узви ДИИШ аз ҷумла теъдоде аз аъзои бозгашта ба кишварҳояшонро дастгир кардаанд. Аз Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ бештар аз 1300 нафар рафтаанд ва бисёре аз онҳо ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав пайвастаанд. Бино ба гузориши Созмони Милал, давлати Тоҷикистон соли 2019 84 нафари онҳоро баргардондааст.

Дар гузориши махсус дар бораи хатари ДИИШ дар ҷаҳон ҳамчунин номи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам зикр шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки ӯ раҳбари ҷангҷӯёни тоҷик, ки тахминан 600 нафарашон дар Ироқу Сурия боқӣ мондаанд, ба ҳисоб меравад, вале мақоми “вазири ҷанг” дар ДИИШ-ро аз даст додааст ва бино ба гузоришҳо ҳоло дар Идлиб қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.