Медведев: “Қирғизистон “лимити инқилобҳоро батамом истифода бурд”

Asia-Plus

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бар ин назар аст, ки “дар асри XXI Қирғизистон лимитҳои худро ба инқилоб аллакай батамом истифода кардааст”.

Зимни ташриф ба Қирғизистон дар мавриди шарҳи ҳодисаҳои марбут ба боздошти собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва муқовимати ҷонибдорони ӯ ба нерӯҳои ҳукумат ӯ чунин изҳори назар кардааст, хабар медиҳад Коммерсант.

“Хеле бад мешавад, агар ба ин монанд ҳодисаҳо ба бесуботии сиёсӣ ва мутаносибан иқтисодӣ оварда расонанд, ин ба шумори хеле зиёди одамон, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла ба лоиҳаи авруосиёии мо низ”, – гуфтааст ӯ дар шаҳри Чолпон-Ота, ки дар он ҷо имрӯз, 9 август ҷаласаи Шӯро байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи дуюм (8 август)-и амалиёти боздошти собиқ президенти Қирғизистон ба кормандони мақомоти қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд. Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд.

Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 август дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба 24.kg адвокати ӯ Сергей Селесарев хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.