Медведев: “Қирғизистон “лимити инқилобҳоро батамом истифода бурд”

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бар ин назар аст, ки “дар асри XXI Қирғизистон лимитҳои худро ба инқилоб аллакай батамом истифода кардааст”. Зимни ташриф ба Қирғизистон дар мавриди шарҳи ҳодисаҳои марбут ба боздошти собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва муқовимати ҷонибдорони ӯ ба нерӯҳои ҳукумат ӯ чунин изҳори назар кардааст, хабар медиҳад Коммерсант. “Хеле бад мешавад, […]

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бар ин назар аст, ки “дар асри XXI Қирғизистон лимитҳои худро ба инқилоб аллакай батамом истифода кардааст”.

Зимни ташриф ба Қирғизистон дар мавриди шарҳи ҳодисаҳои марбут ба боздошти собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва муқовимати ҷонибдорони ӯ ба нерӯҳои ҳукумат ӯ чунин изҳори назар кардааст, хабар медиҳад Коммерсант.

“Хеле бад мешавад, агар ба ин монанд ҳодисаҳо ба бесуботии сиёсӣ ва мутаносибан иқтисодӣ оварда расонанд, ин ба шумори хеле зиёди одамон, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла ба лоиҳаи авруосиёии мо низ”, – гуфтааст ӯ дар шаҳри Чолпон-Ота, ки дар он ҷо имрӯз, 9 август ҷаласаи Шӯро байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи дуюм (8 август)-и амалиёти боздошти собиқ президенти Қирғизистон ба кормандони мақомоти қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд. Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд.

Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 август дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба 24.kg адвокати ӯ Сергей Селесарев хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.