Шокирҷон Ҳакимов: “Таслимшавии Алмосбек Отамбоев кори оқилона аст”

Сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. “Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ихтиёрӣ ба ҳукуматдорон таслим шуда, оқилона рафтор намуд ва бо ин амалаш исбот кард, ки бесуботиву хунрезиро дар ватанаш намехоҳад”, – гуфт дар суҳбат бо […]

Сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

“Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ихтиёрӣ ба ҳукуматдорон таслим шуда, оқилона рафтор намуд ва бо ин амалаш исбот кард, ки бесуботиву хунрезиро дар ватанаш намехоҳад”, – гуфт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сиёсатмадори тоҷик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов.

Ба ақидаи ӯ, агар айбномаҳои зидди Отамбоев пешниҳодшуда воқеъбинона дар доираи қонунҳои кишвар мавриди тафтиш қарор нагирифта, ба сиёсат ангехта шаванд, дар Қирғизистон эътирозҳои аҳолӣ ба вуҷуд омаданаш имкон дорад.

“Бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад”, – таъкид дошт Ҳакимов.

Дар ҳамин ҳол, собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 август дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба 24.kg адвокати ӯ Сергей Селесарев хабар додааст.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи дуюми амалиёти боздошти собиқ президенти Қирғизистон ба кормандони мақомоти қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд. Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.