Тамдиди муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то санаи 31 декабр қарор қабул намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қаблан вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то муҳлати муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандон додани ID-шиноснома фурсат намеёбанд.

Вазир қайд карда буд, ки шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлаташон амал мекунанд, зеро амали онҳоро касе бекор накардааст.

“Шиносномаҳоми намунаи соли 1996 амалкунандаанд, инро касе бекор накардааст. Бо дастури ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо ID-шиноснома дубора ба қайд гиранд”, – таъкид дошта буд вазир.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо, муҳлати он метавонад дароз карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд мегирифтанд.

Дар ин робита дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ навбатпойиҳои сершумору тӯлонӣ ба вуҷуд омад. ВКД расман изҳор намуд, ки дар як моҳ ҳамагӣ 50 ҳазор ID-шиноснома дода метавонад. Баъдан ВКД вақти кории шуъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 22:00 дароз кард, то ки шаҳрвандон ба сабти дубораи симкортҳои худ то 15 август фурсат ёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...