Тамдиди муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то санаи 31 декабр қарор қабул намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Қаблан вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои […]

Аваз Юлдошев

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то санаи 31 декабр қарор қабул намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қаблан вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то муҳлати муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандон додани ID-шиноснома фурсат намеёбанд.

Вазир қайд карда буд, ки шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлаташон амал мекунанд, зеро амали онҳоро касе бекор накардааст.

“Шиносномаҳоми намунаи соли 1996 амалкунандаанд, инро касе бекор накардааст. Бо дастури ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо ID-шиноснома дубора ба қайд гиранд”, – таъкид дошта буд вазир.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо, муҳлати он метавонад дароз карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд мегирифтанд.

Дар ин робита дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ навбатпойиҳои сершумору тӯлонӣ ба вуҷуд омад. ВКД расман изҳор намуд, ки дар як моҳ ҳамагӣ 50 ҳазор ID-шиноснома дода метавонад. Баъдан ВКД вақти кории шуъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 22:00 дароз кард, то ки шаҳрвандон ба сабти дубораи симкортҳои худ то 15 август фурсат ёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.