Ноҳияи Рӯдакӣ: марде ҳамсарашро бо зарбаи табар кушта, падарашро маҷрӯҳ кард

Asia-Plus

Марди 35-солаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 28-солаааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар як маротиба ба қисмати гарданаш зада, баъдан ба сару китфи падараш задааст.

“Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Падараш бошад ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

ВКД Тоҷикистон ҳамчунин аз боздошти марди 33-солаи сокини ноҳияи Исаравшан ба гумони содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ низ иттилоъ медиҳад.

“Номбурда шаби рӯзи 12-уми август ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 35-сола ҷангу ҷанҷол намуда, фарзандони ноболиғи худ: писарбачаи 8-сола ва духтарчаи 6-соларо аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Гули-Сурх бурда, дар роҳ аз мағоза 1-адад корд харидорӣ мекунад ва сипас писарашро бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сабабу омилҳои ҳодисаҳои мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...