Ноҳияи Рӯдакӣ: марде ҳамсарашро бо зарбаи табар кушта, падарашро маҷрӯҳ кард

Марди 35-солаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 28-солаааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар […]

Марди 35-солаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 28-солаааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар як маротиба ба қисмати гарданаш зада, баъдан ба сару китфи падараш задааст.

“Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Падараш бошад ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

ВКД Тоҷикистон ҳамчунин аз боздошти марди 33-солаи сокини ноҳияи Исаравшан ба гумони содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ низ иттилоъ медиҳад.

“Номбурда шаби рӯзи 12-уми август ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 35-сола ҷангу ҷанҷол намуда, фарзандони ноболиғи худ: писарбачаи 8-сола ва духтарчаи 6-соларо аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Гули-Сурх бурда, дар роҳ аз мағоза 1-адад корд харидорӣ мекунад ва сипас писарашро бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сабабу омилҳои ҳодисаҳои мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.